ҳуқуқ
ЛАХШ. 19 ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР ШУД
Дар ноҳия Лахш зимни гузарондани санҷиши нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва масъулони прокуратураи ноҳия 19 ҳолати қонуншикании марбут ба истифодаи ғайримақсадноки замин дар майдони 5,46 гектар ошкор гардид.
Бино ба иттилои Олим Муродов, раиси Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия, вобаста ба натиҷаҳои санҷиш нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар истифодаи ғайриқонунии замин даст доштанд, 18 санаду протокол тартиб дода шуда, қонуншиканон ба маблағи 7600 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулон дар ноҳияи Лахш оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, холӣ намондани заминҳои киштбоб, зиёд намудани майдони кишт, пешгирии ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин ва ғайримақсаднок истифода намудани он тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ки эҳтимоли кишт нашуданро доштанд, чораҳои мушаххас андешида, ҷиҳати барқарор намудани майдони заминҳои корам, ки солҳои зиёд бо сабаби сар задани офатҳои табиат аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳо пешниҳод гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳолати барқарор намудани каналҳои Ғулама, Сартало ва Мук имконияти аз худ кардани 1800 гектар замини нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 300 гектар замин ба даст меояд. Баҳри таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кӯчондани муҳоҷирони ихтиёрӣ аз ноҳияҳои минтақаи Рашт дар Лахш ба 840 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.
- Ҳоло кормандони Кумитаи давлатии идораи замин дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ марбут ба истифодаи замин дар чойхона - фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд, - гуфт Олим Муродов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.2017 №: 82 Мутолиа карданд: 1251