ҳуқуқ
ОВОРАГАРДӢ. НОБОЛИҒОН ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАНД!
Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон тадбирҳои муассир меандешад. Вобаста ба ин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ беш аз 2000 суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
Зебо Холдорбекова, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони вазорат, иброз дошт, ки суҳбату вохӯриҳои доиршуда дар амри ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва канораҷӯии онҳо аз равияҳои номатлуб манфиатбахш буданд. Вале, номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки феълан дар ҷумҳурӣ сафи ноболиғони оворагард зиёд ба чашм мерасад. Тибқи омори расмӣ теъдоди чунин ноболиғон ба 1278 нафар расидааст.
Ба иттилои ӯ, аз теъдоди умумии ноболиғони оворагард 200 нафар ба талбандагӣ, 111 нафар ба боркашонӣ дар бозорҳо, 113 нафар ба ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои наклиёти мусофирбар, 216 нафар шустани воситаҳои нақлиёт, 175 нафар фурӯшандагӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида, 83 нафар ба дуд додани сипанд машғуланд.
Барои пеши роҳи ин амалҳоро гирифтан Вазорати корҳои дохилӣ нақшаи вижаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ кардааст. Дар асоси он дар саросари мамлакат амалиётҳои рӯзона ва шабона ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ шудааст. Дар баробари ин, зарур аст, ки дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарон дар якҷоягӣ амал карда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2017 №: 83 Мутолиа карданд: 1202