ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Дар вақти пешниҳод намудани аризаи даъво ба суд маъюбони гурӯҳи якум аз боҷи давлатӣ озод мешаванд?
Н. Абдумалик, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Дар моддаи 5 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи муқаррароти сархати 19 моддаи 5 қонуни мазкур, ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд. Аз ин муқаррароти қонунгузорӣ бармеояд, ки маъюбони гурӯҳи якум дар вақти пешниҳоди даъво ба суд оид ба барқарор кардани ҳуқуқҳояшон аз пардохти боҷи давлатӣ озод ҳастанд.
* * *
- Манзили истиқоматии ман дар бинои баландошёна ҷойгир аст. Таҳхонаи биноро яке аз ҳамсояҳо соҳибӣ карда, қулф задаасту намегузорад, ки мо даромада қубурҳои обгузари умумиро таъмир ва ё барқарор намоем. Оё ин рафтори ӯ дуруст аст?
А. Салоҳ, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа
- Ҳеҷ кас ҳуқуқи соҳибӣ кардани чунин таҳхонаҳоро надорад. Сокинони бино, танҳо бо тавсияномаи идораи манзилию коммуналӣ, метавонанд ҳуҷраҳои алоҳидаро истифода баранд. Ба пурсиши шумо посух ин аст, ки ҳамсояатон рафтори нодуруст кардааст. Барои ҳалли масъала метавонед ба суд муроҷиат карда, ҳуқуқи худро барои ворид шудан ба коммуникатсияҳои умумӣ ҳимоя намоед.
* * *
- Дар кадом ҳолатҳо ба корманд кумакпулии азкорравӣ пардохта мешавад?
Н. Наҷмиддинов, ноҳияи Темурмалик
- Кумакпулии азкорравӣ дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пардохта мешавад:
Бо сабаби барҳам хӯрдани корхона; ихтисори штати кормандон; ба кор наомадан дар муддати 4 моҳ пайи ҳам бо сабаби вазъи саломатӣ; ба шахсони дар ду вазифа коркунанда, бо сабаби қабули корманди доимӣ; ба роҳбари корхона, бо сабаби иваз шудани молик; бо сабаби вайрон кардани тартиби қабули корманд ба кор.
Барои ҳисоб кардани кумакпулии азкорравӣ 1/4 қисми музди миёнаи моҳона ба миқдори солҳои пурраи фаъолияте, ки корманд дар корхона кор кардааст, зарб зада мешавад. Маблағи кумакпулии азкорравӣ наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2017 №: 83 Мутолиа карданд: 1228