ҳуқуқ
ҶАРИМА 50 ҲАЗОР СОМОНӢ
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешниҳоди маҳсулоти ғизоии пастсифат шуморе аз соҳибкорон 50 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Қиличбек Қиличбеков, сардори раёсати стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои ВМКБ, изҳор дошт, ки зимни санҷишҳои муштарак бо дигар мақомоти дахлдор дар ҳудуди вилоят 104 номгӯи маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта дар ҳаҷми қариб як тонна, 18 номгӯй маҳсулоти ғайристандартӣ ба андозаи 1,9 тонна, 32 номгӯй маводи ғизоӣ ба миқдори зиёда аз 1 тонна аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуд. Дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ 694 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла чой, равған, нон, ҳасиб, машруботи спиртӣ, макарон, шир мавриди санҷиш қарор гирифт, ки 37 номгӯи он ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкорону тоҷироне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, чораҳои маъмурию интизомӣ андешида шуданд.
- Санҷишу таҳлилҳо ва суҳбат бо соҳибкорону истеъмолкунандагон маълум намуд, ки яке аз сабабҳои асосии ба бозори истеъмолӣ роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ба паст будани маърифати тиҷоратию ҳуқуқии ҳам тоҷирону соҳибкорон ва ҳам истеъмолкунандагон рабт дорад, - мегӯяд Қиличбек Қиличбеков.
Истеъмолкунандагон ҳангоми хариди молу маҳсулот ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмол ва суроғаи истеҳсолкунандаи он эътибор намедиҳанд, фурӯшандагон бошанд, барои фоидаи бештар мардумфиребӣ мекунанд. Барои он ки истеъмолкунандагон фирефтаи аъмоли чунин фурӯшандагону тоҷирон нагарданд, ҳангоми хариди мол бояд эҳтиёткор бошанд ва дар ҳолати ба доми фиреби онҳо афтодан ба идораҳои назоратӣ муроҷиат намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2017 №: 83 Мутолиа карданд: 1200