ҳуқуқ
САНҶИШ. ИН ДАФЪА ДАР МАРКАЗҲОИ БУКМЕКЕРӢ ВА ДИЛЕРӢ
Нозирони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба 51 сокини пойтахт барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тибқи моддаи 473 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуданд.
Аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ дар 197 маркази букмекерӣ ва 101 маркази компютерӣ - (интернет - кафе), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 115 маркази букмекерӣ ва 72 маркази компютерӣ, вилояти Суғд 32 маркази букмекерӣ, вилояти Хатлон 32 маркази букмекериву 20 маркази компютерӣ, ВМКБ 2 маркази букмекерӣ ва 3 маркази компютерӣ санҷиш гузаронда шуд. Дар натиҷа, фаъолияти 107 маркази букмекерӣ муваққатан манъ гардида, 121 нуқтаи истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки дар ҳолати хавфи сар задани ҳодисаи сӯхтор қарор доштанд, қатъ гардид.
Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳо доир ба риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳафтаи аввали моҳи апрел гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, барои гузарондани корҳои профилактикӣ - фаҳмондадиҳӣ ва санҷишҳои фаврӣ дар марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ, дилерӣ ва идораҳои букмекерии пойтахт, ки дар онҳо бештар наврасон вақти зиёди худро сарф менамоянду қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд, чорабиниҳои мақсаднок гузаронданд. Масъулони сарраёсат дар рафти чорабиниҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 3 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима таъйин намуданд. Фаъолияти 2 маркази бозиҳои компютерӣ муваққатан қатъ гардида, бо 154 корманди чунин марказҳо барои риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мулоқот доир карданд, ки аз манфиат холӣ нест.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.04.2017 №: 84 Мутолиа карданд: 1234