ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Бори каҷ ба манзил намерасад
Ошкорсозии тамғаҳои аксизии худсохти тамоку
Кормандони раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми гузарондани амалиёти вижаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз дуконҳои савдои бозори «Фаровон» - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 22 ҳазор қуттӣ тамокуи тамғаи «ESSE» ва «PINE» - и истеҳсоли Ҷумҳурии Кореяро бо аломатҳои тамғагузории аксизии худсохт ошкор намуданд. Маҳсулот ба соҳибкорони инфиродӣ А. С., сокини Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ва Д. А., сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, тааллуқ дорад. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ – техникӣ тамғаҳои аксизии тамғаҳои қуттиҳои тамоку бо истифодаи техникаи компютерӣ ва нусхабардорӣ сохта шуда, ба тамғаҳои аксизии стандартии барои маҳсулоти тамоку пешбинигардида мувофиқат намекунанд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Хадамоти гумрук, нисбат ба шаҳрвандон А. С. ва Д. А. парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавриди тафтиши Прокуратураи генералӣ қарор дорад.
Дарёфти «Минтай» ва шакари қочоқӣ
Кормандони раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд зимни гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди анбори ҶДММ «Ҷоми Ҷам» - и шаҳри Бӯстон ду мошини боркаши тамғаи «Зил» - ро, ки таҳти идораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ Б. В. ва Ғ. А. қарор доштанд, мавриди муоинаи гумрукӣ қарор доданд. Муайян гардид, ки дар бордони мошинҳо 11 тонна моҳии яхкардаи намуди «Минтай», истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд аст ва ба Р. А., сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дорад. Р. А. ин молро бе муоинаи гумрукӣ бо роҳи қочоқ аз деҳаи Борбодуқи Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол додааст. Арзиши мол, тибқи хулосаи экспертизаи судию криминалистӣ, 170500 сомонӣ мебошад. Нисбати шаҳрванд Р. А. бо моддаи 289, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.
Ҳамчунин, тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, дар рафти амалиёти муштараки кормандони раёсати минтақавӣ ва аъзои гурӯҳи вижаи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз анбори корхонаи яхмоси соҳибкори инфиродӣ У. А. дар Ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 133350 килограмм шакари истеҳсоли Қирғизистон ва 31 700 килограмм шакари истеҳсоли Қазоқистон дарёфт ва мусодира гардид. Маълум шуд, ки Ҷ. А. ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави кишвар ворид намудааст.
Тибқи хулосаи экспертизаи судию криминалистӣ, арзиши умумии шакари истеҳсоли Қирғизистону Қазоқистон 1 миллиону 45 ҳазору 807 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз карда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2017 №: 85 Мутолиа карданд: 1222