logo

номаҳо

МАКТАБИ № 39 БА ТАЪМИР НИЁЗ ДОРАД

Тавре маълум аст, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин замина мактабҳои зиёд бо шароитҳои хуби  замонавӣ ҳам барои таълим ва ҳам барои тарбияи  ҷисмонии насли наврас бунёд шудаву мавриди истифода қарор гирифтанд. Афзалияти аксар  муассисаҳои нави таълимӣ дар он аст, ки толор ва майдончаҳои варзишии ҳозиразамон доранд. Татбиқи чунин иқдомҳо, албатта, таваҷҷуҳи мактаббачаҳоро ба ин муассисаҳо бештар намуда, шавқи онҳоро меафзояд, ки нишон аз ояндаи дурахшон аст.

Бо вуҷуди ин, мактабҳое низ ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам дар онҳо одитарин шароитҳо муҳайё набуда, завқи ҷавононро ба соҳаи варзиш бедор накарда, мекушанд. Бешубҳа, метавон толори варзиши муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39 - и шаҳри Кӯлобро далел овард. Вақти боздид аз толори варзиши муассисаи мазкур кас дар ҳайрат меафтад. Ҳама ҷо вайрону валангор, деворҳои бино рангпаридаю дар ҳолати садамавӣ мебошанд. Он рӯ ба нестӣ овардан дорад.
Сафармо Кӯчарова, мудири ин муассисаи таълимӣ, ҳангоми суҳбат гуфт:  «Аз ин толори варзиш ҳамагон, яъне масъулон огоҳанд. Аз соли 1987 то инҷониб боре рӯйи таъмирро надидааст. Дар мактаб аз ду деҳа: Чапаев ва Сарёзии Боло дар маҷмӯъ 732 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Барои таъмири ҷории толори варзиш ва маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимӣ чанд маротиба муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ натиҷаи мусбате надод».
Ҳамин тавр, толори маҷлисгоҳи муассиса низ,  ки дар ошёнаи дуюм мебошад. Он ба пуррагӣ аз истифода баромадааст. Ба андешаи мутасаддиён барои таъмири чунин толорҳо маблағи калон зарур аст.
- Борҳо аз тариқи "оинаи нилгун" чунин ҳол доштани толори варзиш ва маҷлисгоҳи муассисаро намоиш дода буданд. Вақти боришот аз бомаш об чунон мерезад, ки ба ошёнаи аввал низ зарараш мерасад, - гуфт  Эмомалӣ Раҳимов, мудири хоҷагии мактаб.
Пас, чӣ бояд кард? Ба ин пурсиш кӣ посухи дуруст медиҳад ва масъаларо ҳамчунон ҳал менамояд?
Исломи РАҶАБАЛӢ, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 2163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед