ҳуқуқ
СУД ҲУКМ КАРД...
Суди ноҳияи Рашт Ахмадҷон Ҷалилов, соли таваллудаш 1980, зодаи ноҳияи Рашт, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор кард.
Тавре раиси суди ноҳия Холиқзода Хуршед ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, аз тарафи мутахассисони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ин соҳаро ба танзим медарорад, дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳия мавриди санҷиш қарор гирифт.
Зимни санҷиш муайян шуд, ки Ахмадҷон Ҷалилов ба муносибати бозгашти падару модараш аз хонаи Худо дар манзили истиқоматии онҳо маъракаи ҳоҷиошӣ баргузор кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар пояи моддаи 12 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронда мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.
Мутаассифона, баъзеҳо қонуни мазкурро сарфи назар карда, баъди бозгашт аз хонаи Худо ва соҳиб шудан ба номи ҳоҷӣ боз ба исрофкорӣ даст мезананд, ки хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда ва шариат мебошад.
Суд ҳукм кард, ки Ахмадҷон Ҷалилов барои вайрон намудани талаботи қонуни мазкур, бо моддаи 148 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.
Ҷои тааҷҷуб ва таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шаҳрвандон бемасъулиятӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи ин қонун ба назар мерасад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки дар ҷавоби ғамхории давлат, ки маҳз ба ғанӣ шудани буҷети оила равона шудааст, боз чаро ба ҳар гуна исрофкорӣ даст мезанем?
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2017 №: 86 Мутолиа карданд: 1249