ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Қонуншиканиҳои иқтисодӣ
Ғасби маблағҳои муштариёни бонк
Роҳбари филиали «Фононбонк» дар ВМКБ Балхиёр Замиров бо ҳукми суди шаҳри Хоруғ барои ғасби маблағҳои муштариён ба муҳлати 8 солу 4 моҳ равонаи маҳбас шуд. Номбурда тайи муддати дар ин вазифа кор кардан 631 ҳазору 343 сомонӣ (наздики 80 ҳазор доллари ИМА) маблағи муштариёни бонкро тасарруф намудааст.
Ӯ аз номи 20 нафар, бе хабардории онҳо, бо сохтакории ҳуҷҷатҳо аз бонк қарз гирифта барнагардондааст. Айни ҳол фаъолияти «Фононбонк» бо ҳукми суд қатъ шудааст. Ҷойи таъкид аст, ки дар рух додани вазъи мушкили молиявии бонки номбурда «саҳм» - и чунин фиребгарон кам нест.
Аз тасарруфи маблағ то қаллобӣ
З. А. Ш. ба ҳайси хазинадори шуъбаи муҳосиботи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ фаъолият намуда, аз моҳи январи соли 2015 то январи соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои пардохтнамудаи 107 бемор 31065 сомониро ба хазинаи беморхона ворид накардааст, яъне тасарруф намудааст. Ҳамчунин, номбурда аз моҳи январи соли 2014 то феврали соли 2015 бо роҳи ба номи 11 нафар корманди ин беморхона тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба пардохти маблағ аз рӯи варақаҳои корношоямӣ дар 12 ҳолат маблағи умумии 9207, 96 сомониро ба манфиати шахсӣ сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати зикргардида бо моддаҳои 245, қисми 3, банди «а» ва 323 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.05.2017 №: 88 Мутолиа карданд: 1350