ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
22 соли ҳабс барои қатли бераҳмона
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Ш. Назаровро барои қатли бераҳмона 22 сол аз озодӣ маҳрум кард. Суд парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаҳои 32 қисми 3 - 104 қисми 1 ва 104 қисми 2 банди «п»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералӣ, тафтиши парванда аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ анҷом ёфта, Ш. Назаров барои он айбдор шудааст, ки шоми 5 январи соли 2017 дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ бо табар ба падараш Ш. Назаров дарафтода, ба ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расондааст. Айбдоршаванда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади куштори шахси дуюм - модарандараш Р. Назарова, ки ҳамон лаҳза тасодуфан рӯ ба рӯ омадааст, бо табар захмӣ мекунад. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин Р. Назарова дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Оқибати суистифода аз мансаб
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти 50 - солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Бобоҷон Ғоибов бо гирифтани пора ба маблағи зиёда аз 63 ҳазор сомонӣ айбдор шуд.
Аз раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки Бобоҷон Ғоибов бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз мансаб бо раиси ҷамоати зикршуда М. Ғуломов бо маслиҳати пешакӣ охири соли 2014 ба бовари се нафар сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даромада, барои ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои деҳаи Ёсуман аз онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 63 529 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ истифода кардаанд.
Нисбат ба Б. Ғоибов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба суд ирсол гардид. Ба раиси ҷамоат бинобар сабаби фавташ қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2017 №: 89 Мутолиа карданд: 1245