ҳуқуқ
ЛАХШ. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҲКИМ МЕЁБАД
Дар ноҳияи Лахш ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ, нишасту вохӯриҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ҷараён доранд.
Махсумҷон Давлатзода, прокурори ноҳияи Лахш, мушовири адлияи дараҷаи 1, иброз намуд, ки кормандони прокуратура дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардум ва таъмини волоияти қонун як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
- Мо бояд дар шароити феълӣ, ки ҷаҳони муосир гирифтори вазъи печида аст, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Дар ин замина, кормандони прокуратураи ноҳия ба манзури пешгирии зуҳуроти номатлуб, яъне шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки масъулони ниҳодҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеа дидору вохӯриҳо доир менамоянд. Солҳои охир баъзе аз ҷавонон ба доми равияҳои номатлуб меафтанд, ки боиси нигаронии амиқ аст. Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии ин равияҳо шустани хотираҳои таърихии ҷавонони мо буда, асосан ба беарзиш ҷилва додани гузаштаи фарҳангӣ нигаронда шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳим он аст, ки мо бояд ба насли ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, иқдоми дурбинонаест, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва шаклгирии ҷомеаи қонунсолор мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин, омӯзиши Қонуни асосии кишвар дар худ орзуву омоли мардуми тоҷикро таҷассум менамояд, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, нақши созгор дорад.
Кормандони прокуратура ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳия, дар партави сиёсати бунёдгарои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои татбиқи ҳадафҳои олӣ, рушду нумӯи ин гӯшаи диёр, тарбияи ҷавонони худшиносу худогоҳ самимона талош хоҳанд кард, - гуфт дар хотимаи суҳбат М. Давлатзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2017 №: 89 Мутолиа карданд: 1211