logo

маориф

ҚУБОДИЁН. АВЛАВИЯТ БА МАОРИФ

Дар ноҳияи Қубодиён ба соҳаи маориф  аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, соҳибмаълумот гардидани духтарон ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда будани онҳо яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мадди назари роҳбарон қарор дорад.
Чуноне ки муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарифова мегӯяд, соли сипаригардида  1286 нафар хатмкунанда ба Маркази милли тестӣ ҳуҷҷат супурда, 553 нафари онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд. Аз зумраи онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро тавассути  Квотаи президентӣ хатм кардаанд, 188 нафар то имрӯз ба вазифаҳои гуногун ҷалб гардиданд.
Аз 69 мактаб роҳбарии 22 муассиса ба зиммаи занҳо вогузор шудааст. Дар онҳо  36560 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 17609 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар самти таъмини шароити мусоид барои донишандӯзон низ як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо  компютер ва дигар ҷиҳози муосири зарурӣ таъминанд. Дар  муассисаҳои таълимии № 41, 19, 5, 45, 33, 26, 18, 32, 20, 8 синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуда, мушкили норасоии ҷойҳои нишастро то андозае ҳал намудаанд.
То имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 51 бинои нави замонавӣ иборат аз 8 синфхона барои 320 нафар дар ду баст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31, бинои нави замонавӣ иборат аз 8 синфхона барои 320 нафар хонанда дар ду баст ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 8 синфхонаи нави замонавӣ барои 320 нафар хонанда дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Қубодиён ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳи камбудиҳои  ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ меандешад, - иброз дошт Тоҷинисо Шарифова.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 1459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед