номаҳо
БЕМОРХОНАРО ФУРӮХТАНД
Чандин сол боз беморхонаи мо фаъолият намекунад. Чаро? Чунки онро фурӯхтаанд. Ин беморхона солҳои зиёд ба сокинони ҷамоат хидмат мерасонд. Мардум дар ин ҷо табобат мегирифтанду дардҳояшонро пешгирӣ менамуданд.
Ҳолиё дигар сокинон маҷбуранд, ки ба дигар беморхонаҳо, ки дар масофаи дур воқеанд, рӯй биёранд. Чунин вазъ, албатта, мушкил эҷод мекунад. Вале чӣ бояд кард? Муроҷиати чандинкаратаи мо ба мақомотҳои дахлдор суде набахшид. Интизории мо бисёр тӯл кашид.
Мегӯянд, ки беморхонаи нави замонавӣ месозанд. Аммо кай? Ба ин пурсиш посухи дақиқу дуруст намедиҳанд. Гӯиё мушкилоти пайдо кардани қитъаи замин барои бунёди ин беморхона ба вуҷуд омадааст. Ҳол он ки чунин мушкилот аслан вуҷуд надорад. Масъулон медонанд, ки дар шаҳраки Ганҷобод чунин қитъаи заминро барои сохтмони беморхона ҷудо намудан мумкин аст. Шароиту имконият дар ин шаҳрак барои бунёди беморхонаи замонавӣ муҳайёст.
Дуруст аст, ки мо медонем барои сохтмони беморхонаи замонавӣ маблағи муайян зарур аст. Фикр мекунем, ки агар дар андешаи бунёди он бошанд, ҳатман маблағ пайдо мешавад.
Шояд масъулон ин масъаларо ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд, аммо мо онро аз ёд набаровардаем ва мехоҳем, ки он ба манфиати мо – сокинон ҳал бигардад.
Инак, бори дигар тавассути гӯшаи дӯстдоштаамон «Шаҳрванд» ин масъаларо хотиррасон намудам. Ин бор чӣ посух мегирем?
Сайфулло ҒАФФОРОВ,
деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2017 №: 89 Мутолиа карданд: 2318