номаҳо
АГАР КОНРО АЗ НАВ БАРҚАРОР КУНЕМ...
Ҳангоми ҷустуҷӯ ва кор бо ҳуҷҷатҳо дар филиали давлатии бойгонии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд қарори маҷлиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) аз 24 январи соли 1940 – ро дидам.
Дар он директори «Шахтауправления» Ефимов барои фурӯхтани 150 тонна ангишт ба идораи савдои шаҳрӣ, 50 тонна ангишт ба ширкати ҳунармандии «Красный труд» ва таъмини корхонаҳои нонпазӣ бо ангишт муваззаф гардидааст. Мувофиқи ҳуҷҷати дигар оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар «Шахтауправления» ва беҳтар кардани фаъолияти кон (шахта) масъалагузорӣ шудааст.
Бояд қайд кард, ки ин кони ангишт дар деҳаи Кенагаз (ҳоло Меҳробод), дар Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ҷойгир аст.
Ба гуфтаи сокинон, кони мазкур баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияташро қатъ намуда, то ҳол ба кор андохта нашудааст. Шояд аз ин кон шахсони масъули соҳа воқиф набошанд. Агар конро аз нав кашф ва ба истифода супоранд, даромад аз ҳисоби он ба рушди минбаъдаи кишвари азизамон мусоидат хоҳад кард.
Сайфулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2017 №: 90 Мутолиа карданд: 2251