ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Қонуншиканиҳои иқтисодӣ
ҚОЧОҚ ё интиқоли бор бе барасмиятдарории гумрукӣ
Шаҳрвандон Н.Н. ва Ш.У. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Ирфон – Рустам» амал намуда, мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба даст овардани фоидаи муфт ба воситаи мошинҳои тамғаҳои «Шакман» бо ядак (притсеп) ва «Дулан» (бо ядак) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин матоъ, ҷоруб, рӯйпӯши рахти хоб, масолеҳи сохтмон, тухмипошаки ҷуворимакка – дар маҷмӯъ 8 номгӯй молро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди қаламрави Тоҷикистон намуданд. Онҳо ҳини гузаштан аз дидбонгоҳи гумрукии «Қулма» эъломияҳоро бо роҳи фиребгарӣ пур намуда, фақат як намуди бор – кафелро нишон доданд ва бори дигарро ба тариқи қочоқ ворид карданд. Мувофиқи маълумотномаи раёсати батанзимдарории тарофавию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук, арзиши аслии моли бо роҳи қочоқ воридгардида 880 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад. Яъне Н.Н., Ш.У. ва ҳамроҳони онҳо ба буҷети давлат ба миқдори калон зарар расондаанд.
* * *
Ҳамчунин, тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии хадамот зимни гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Душанбе, намояндаи ширкати «Юнайтед терминал» шаҳрванд Н.Ф. боздошт шуд. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ ба воситаи нақлиёти рақами қайди давлатиаш 58 20 ВВ 01 ва ядаки он (02 85 АА 01) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 29 номгӯй молро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Арзиши моли тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Н.Ф. ва шарикони ӯ 767039 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ду ҳолат бо моддаи 289, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ тартиб дода, ба прокуратураи шаҳри Душанбе супурда шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2017 №: 90 Мутолиа карданд: 1294