ҳуқуқ
СУҒД. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ БЕМАСЪУЛИЯТӢ
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд, ки дар он масъулони соҳаи тандурустӣ, муовинони раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, сардухтурони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо иштирок доштанд, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии модару кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фирдавс Ҳусейнзода, прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Суғд, изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои асосии фавти модарон, ин аз ҷониби кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят, дар давраи ҳомиладорӣ зери назорати тиббӣ нагирифтани онҳо маҳсуб меёбад. То 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ ба қайд гирифтани занҳои ҳомила, аз ҷумлаи талаботи «Тавсияи клиникӣ оид ба ёрии антенталӣ ҳангоми ҳомилагии физиологӣ» мебошад. Вале, бархилофи ин талабот давоми соли 2016 ва се моҳи аввали соли равон дар панҷ ҳолат аз ҷониби кормандони тиббии марказҳои саломатӣ ин амр иҷро нашуда, боиси фавти модарон шудааст. Масалан, З.Турсунова, сокини шаҳри Панҷакент, бо ташхиси ҳомилагии 34 - 35 ҳафтаина ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент оварда шуда, 11 - январи соли равон фавтидааст. Агар ин зан сари вақт ба қайд гирифта шуда, бемориаш, ки камхунӣ будааст, муайян мегардид, ӯро аз марг наҷот додан мумкин буд.
Дар баъзе ҳолатҳо духтур ва момодоя занони ҳомиларо дар давраи то таваллуд аз чор то шаш маротиба хабар гирифта бошанд ҳам, назорат дар сатҳи антенаталӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат бо Шаҳноза Ҷӯраеваи 28 - сола, сокини ноҳияи Деваштич, рух додааст. Дар муҳлати 18 - 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ ташрифоти навбатӣ таъмин нагашта, дар ниҳояти кор тифл дар батни модар фавтидааст. Дар натиҷа сарвари маркази саломатии ноҳиявии № 1 Ҳ. Ҳоҷиев, сарвари маркази солимии репропродуктивии ноҳия Х. Шокирова ва момодоя М. Ҷӯраева барои сари вақт нагузарондани машварат ва муайян накардани фавти дохилибатнии тифл, ки боиси марги Шаҳноза Ҷӯраева низ гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Дар ҷараёни тафтиши прокурорӣ, ҳамчунин, ҳолатҳои ба таври зарурӣ муоина ва зери назорат қарор надодани занони ҳомила аз тарафи духутурони оилавӣ ошкор гашт. Омӯзиши ҳуҷҷатҳои тиббии зани фавтида - Зебо Исломоваи 20 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, нишон дод, ки назорати ҳомиладории ӯ аз тарафи духтури оилавии маркази саломатии деҳаи Тағояк Н.Нуъмонова дуруст ба роҳ монда нашуда, ҳангоми дар шуъбаи таваллуд бистарӣ шудани охирин аз ҷониби духтурони навбатдори шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия Р. Отатураева ва Х. Назирбобоева баҳодиҳии ҳолати зани ҳомила ва усули пешниҳоди тавсияи нақшаи ташхисию табобатиаш нодуруст таъйин шудааст. Чунин камбудию норасоиҳо дар маркази саломатии Вешаби ноҳияи Айнӣ, шуъбаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва дигар муассисаҳои тандурустии вилоят ба мушоҳида расиданд.
Омили дигари муҳиме, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавти модар ва кӯдак мусоидат мекунад, ин бо мутахассисони ҳирфаӣ таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят мебошад. То имрӯз дар вилоят 19 акушер - гинеколог, 23 эҳёгар, 15 духтури кӯдакона ва 10 неонатолог намерасад. Чунин ҳолатҳо дар шаҳру навоҳии Ашт, Гулистон, Деваштич, Исфара, Зафаробод, Конибодом, Панҷакент, Шаҳристон боиси ташвиш буда, дар навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ умуман духтурони неонатолог фаъолият надоранд.
Санҷиш муайян кард, ки яке аз сабабҳои ба амал омадани фавти модар ва кӯдак ин риоя нагаштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», фармоишоти Вазорати тандурустӣ, Стандартҳои миллӣ оид ба назорат ва нигоҳубини антенаталӣ ҳангоми ҳомиладории физиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз ҷониби баъзе кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар асоси натиҷаи санҷишҳо нисбат ба 12 нафар корманди тиб бо моддаҳои 129, 319 ва 324 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, иддае бо ҳукмҳои суд маҳкум ва тафтиши парвандаҳои дигар идома дорад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2017 №: 91 Мутолиа карданд: 1233