ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Қотил мунҷар ба 23 соли зиндон шуд
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд М. Шариповро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш бар асоси моддаи 104 қисми 2 банди «е» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ рух дода, М. Шарипов ҳамсараш М. Саидоваро бо захми табар ва бераҳмии махсус ба ҳалокат расондааст. Маҳкумшуда моҳи декабри соли 2005 тариқи расму оини динӣ бо М. Саидова оиладор шуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби се фарзанд мебошанд.
Оқибати гумроҳӣ - 14 сол пушти панҷара
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд А. Аламуродов бо ҷурми иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия 14 сол равонаи зиндон гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ, бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, маълум шуд, ки А. Аламуродов ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш бо аъзои гурӯҳҳои террористӣ - экстремистии «Ҷанат ошиқлар», «Тавҳид ва ҷиҳод» шинос шуда, ғояву ақидаҳои онҳоро ҷонибдорӣ намудааст.
Бар пояи иттилои сомонаи Прокуратураи генералӣ, номбурда бо мақсади пайвастан ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия моҳи апрели соли 2016 ба ин кишвар меравад. Тибқи гузориш, ӯ дар ҳайати ин гурӯҳҳо ба муқобили қувваҳои қонунии давлати Сурия тахминан 50 рӯз ҷангида, ҳангоми убури марзи давлатии Туркия ва Сурия дар шаҳри Истамбул аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол шуд.
Боздошти хонафурӯши қаллоб
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ як сокини ҳамин ноҳияро бо гумони сохтакорӣ боздошт намуданд.
Гумонбаршуда, ки марди 28 - сола гуфта мешавад, ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии марди 45 - солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо истифода аз компютер сохтакорӣ намуда, ба як сокини дигари ҳамин ноҳия ба маблағи 18 ҳазору 600 сомонӣ фурӯхтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2017 №: 92 Мутолиа карданд: 1279