ҳуқуқ
МАВОДИ НАШЪАОВАР. БЕШ АЗ 269 КИЛОГРАММ БА КОМИ ОТАШ
Бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳифзи саломатии ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон, ахиран дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 269 килограмму 87 грамм маводи мухаддир сӯзонда шуд.
Дар ин чорабинӣ, ки намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштанд, 11 килограмму 645 грамм афюн, 212 килограмму 87 грамм ҳашиш, 45 килограмму 863 грамм бангдона ба коми оташ рафт. Барои нобудсозии ин миқдор маводи нашъаовар иҷроварақаи судӣ ба агентӣ ворид шудааст.
Ба иттилои сомонаи агентӣ, маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиётҳои вижаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1 тоннаю 236 килограмм маводи мухаддир бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2017 №: 95 Мутолиа карданд: 1220