ҳуқуқ
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА АСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода, таъкид карданд, ки дар ин давра халқу давлат аз озмоишҳои сахту сангини таърих сарбаландона гузашта, ба он муваффақ гаштанд, ки пояҳои давлатдориро ба таври эътимодбахш устувор намоянд. Гуфта шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил ёфта, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд.
Яке аз муҳимтарин нуктаҳое, ки дар Паём таъкид ёфт, бо барҳам додани Шӯрои адлия ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор намудани масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо маҳсуб меёбад. Ин тағйироти сохторӣ, бешак, ба мустақилияти ҳокимияти судӣ роҳи васеъ кушода, бо интихоб ва пешниҳоди ҳуқуқшиносони ботаҷрибаю донишманд, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули муносиб барои таъмини адолати судӣ заминаҳои устувор хоҳад гузошт. Дар ин дастури раҳнамо таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита бо ҷомеа шарти муҳими расидан ба ҳадафҳои таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ арзёбӣ шудааст.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳи васеъ мекушояд. Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ, робита бо ҷомеа, бахусус бо ҷавонону наврасон калиди дастовардҳо дар таҳкими давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз байн бурдани унсурҳои тундраву ифротгаро, амалҳои коррупсионӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат бо нигаронӣ зикр намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Ҳалли ин масъалаҳои мубрами ҷомеа сараввал аз мо - роҳбарону кормандони мақомоти прокуратура дарки масъулиятшиносии баланд, ташкилотчигӣ, зиракию ҳушёрӣ ва донишу маҳорати касбиро тақозо менамояд.
Сафаралӣ НУРАЛИЗОДА, муовини сардори раёсати назорати иҷрои
қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2017 №: 97-98 Мутолиа карданд: 1249