номаҳо
АДОЛАТ БАРҚАРОР ГАРДИД
Ман Акпарова Нодира Сатторовна сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 17, ҳуҷраи 47, оиладор, соҳиби панҷ фарзандам. Шавҳарам Абдураҳмон Абдуҳамидов нафақагир, маъюб мебошанд. Зиёда аз 20 сол инҷониб дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ дорем.
Сарсуханамро маҳз оид ба манзил оғоз намудам. Чаро? Чунки солҳои 1995 – 1997 яке аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо суистифода аз мансабу вазифаи ишғолкардааш бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ манзили зистамонро хусусӣ гардонидааст. Ҷойи тааҷҷуб он аст, ки дар тӯли 17 сол аз ин ҳодиса, яъне тақаллубкорӣ бехабар будем. Соҳиби сохтаи хона пайдо шуду оид ба холӣ кардани манзил даъво намуд.
Ба мақомоти дахлдор дар ин хусус арзу шикоят менамудам, лекин ягон натиҷа намебахшид. Ниҳоят баъди сарсониҳои зиёд, аниқтараш баъди 3,5 сол, яъне 30 ноябри соли 2016 адолат барқарор гашт.
Воқеан, дар ҷомеа инсонҳои неку содиқ низ кору фаъолият доранд. Яке аз чунин шахсон ҷавони адолатпарасту дилсӯз, ҳомии ҳақиқии қонун, муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмон ҳастанд, ки такя ба қонун адолатро барқарор карданд. Бо вуҷуди ин соҳиби сохтаи хона аз болои ҳалномаи судӣ шикоят навишт.
Суди марҳилаи кассатсионӣ таҳти роҳбарии муовини раиси суди вилояти Суғд оид ба парвандаҳои гражданӣ Манзурахон Латифзода парвандаро аз нав дида баромад. 28 феврали соли 2017 ҳалномаи суди марҳилаи аввалро ҳамаҷониба қонунӣ эътироф намуд.
Ҳамин тавр, меъёрҳои Конститутсия вобаста ба шакл ва мазмуни ифодаёфтааш амал мекунад, на аз рӯи тафсири субъективии ашхоси манфиатҷӯ.
Ин ҳама, албатта, шаҳодати он аст, ки масъулон бобати ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд ва таъмини адолати судӣ торафт масъулияти бештар ҳис мекунанд. Сипосгузорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2017 №: 99 Мутолиа карданд: 2499