ҳуқуқ
БАЪД АЗ ИМЗОИ СОЗИШНОМА...
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаҳои нав боз намуд, барои амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини адолати судиву иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Дар ҳамин замина, яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ барои таъмини ин кафолатҳои конститутсионӣ вазифадор гардид. Тибқи талаботи моддаи 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Яъне, давлат ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳимояи афзалиятнок эътироф намуда, онро кафолат додааст.
Таҷриба борҳо нишон додааст, ки пойдории давлат ниёз ба адолати судӣ дорад ва ин омили муайянкунанда водор месозад, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳким ва дар ҳоли густариш қарор дошта бошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, татбиқи адолати судӣ таъкид намуда, зикр менамояд, ки «адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад».
Мустақилона ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон, ки аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ аст, имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ дар мамлакат таъмин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дурустӣ ҳифз шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф ва таҳкими фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ҳанӯз 23 июни соли 2007, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2007 - 2010» тасдиқ шуд, ки он давра ба давра амалӣ гардид. Дар доираи ин барнома ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор, дар таҳрири нав қабул гардидани кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, судии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», дар Суди Олӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъсис додани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ падидаҳои амалан татбиқ шудани барномаи мазкур мебошанд.
Даврон НАЗАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2017 №: 99 Мутолиа карданд: 1198