туризм
САЙЁҲИИ ДЕҲОТ. ДАСТРАС, ХУБ ВА МУФИД
Дар Ғарб ва дигар мамлакатҳои пешрафта сайёҳии деҳот маъруфияти бештар пайдо карда, ба яке аз навъҳои ҷолиби истироҳат табдил ёфтааст.
Ба андешаи коршиносон ин бахши сайёҳӣ метавонад дар Тоҷикистон ҳам рушд карда, ба болоравии сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намояд.
Сайёҳии деҳот ё аграрӣ аллакай дар Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Австралия, Испания, Италия ва Фаронса гардиши бузург дорад.
Агротуризм, пеш аз ҳама, ҳамгироии фароғати муфид бо фаъолият дар деҳот аст. Аммо дар тафовут аз худи деҳқонон, ки аз субҳидам то шом заҳмат мекашанд, барои сайёҳ ин як навъ машғулияти муваққатӣ аз рӯйи шавқу завқ маҳсуб меёбад, ки бо ин роҳ як муддат аз ташвишҳои шаҳрӣ фориғ мегардад.
Сайёҳон дар давраи муайяни корҳои кишт ё ҷамъоварии ҳосил сафар карда, дар корҳои хоҷагии қишлоқ иштирок мекунанд, бо фарҳанг ва анъанаҳои маҳаллӣ шинос мешаванд, истироҳат менамоянд. Дар бораи раванди истеҳсолот дар деҳот ба монанди шудгор, боғдорӣ, токпарварӣ, хоҷагии ҷангал маълумот пайдо мекунанд. Ин навъи ҳамкории миёни деҳқон ва сайёҳ дар бисёр кишварҳо ҷараён мегирад. Сайёҳии деҳот бештар бо ҳаёти ором ва мунтазам, маҳсулоти табиии хонагӣ, шароити табиӣ, дар иҳотаи ҷангал, кӯлҳо, кӯҳҳо, манзараҳои зебо ва нархҳои ҷоиз нисбат ба дигар навъҳои сайёҳӣ истироҳаткунандагонро ҷалб менамояд.
Сайёҳӣ дар деҳот барои рушди иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, ки то ҳол ба таври кофӣ истифода нашудааст. Бо вуҷуди мавҷудияти шароитҳои хуби табиӣ барои сайёҳии деҳот дар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳаи сайёҳиро танзимкунанда мафҳуми «туризми деҳот», «агротуризм», «сайёҳии сабз», «сайёҳии деҳқонӣ - фермерӣ» ва ғайра, ки бояд бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои нишон додани навъи сайёҳии матраҳшаванда истифода гарданд, дида намешаванд.
Рушди сайёҳии деҳот, ҳамчунин, бо сабабҳои дохиливу берунии зайл боздошта мешаванд: иттилооти нокифоя дар бораи минтақаҳои барои туризми деҳот мусоид; инфрасохтори рушднакардаи сайёҳӣ, набудани лоиҳаҳои инноватсионии агротуристӣ, номувофиқ будани хизматрасонии сайёҳии деҳот ба талаботи муосир.
Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон мушкилиҳои дигар мавҷуданд: масоҳат байни объектҳои сайёҳӣ ниҳоят зиёд аст; байни ноҳияву минтақаҳои ҳамсоя ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоотӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи ин метавонад ба сустшавӣ ё бозистии ташаккули соҳаи сайёҳӣ оварда расонад.
Ҳамчунин, дар самти эътирофи аҳамияти туризм ва нигоҳдории мероси ниёгон бо аҳолии деҳоту шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ кам ба мушоҳида мерасанд; сатҳи ҷалби сокинони деҳот ба лоиҳаҳои сайёҳии деҳот паст аст; назорат ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву меъмории минтақаҳои деҳот нокифоя аст.
Бояд зикр намуд, ки агротуризм метавонад дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии манотиқи деҳот, ки беш аз 75 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ишғол кардааст, нақши муҳим бозад.
Фаррух АБДУВОСИЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ,
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2017 №: 100 Мутолиа карданд: 2891