logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИЛИЯ БУРУНЧУК

Нимаи дуюми рӯзи 17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳо ва имконоти нави густариши ҳамкориҳо баррасӣ гардида, намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, инчунин, арзёбӣ ва баррасӣ намудани ҳолати пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - ро баррасӣ карда, афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаро муайяну мушаххас намуданд.
Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои имтиёзноки грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили муҳими таъмини рушди устувор бошад. Ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур шумурда шуд.
Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буданд, ки оид ба амалигардонии онҳо пешниҳодҳои судманд ироа гаштанд.

***
- Бо Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оғози марҳалаи нави машваратҳо бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳияи Стратегияи нави миёнамуҳлат суҳбати созандае анҷом додем. Барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати калон аз Бонки ҷаҳонӣ корҳои омӯзишиву ташхисиро ба охир расонд. Дар ин замина ҳадафи аслии мо ин аст, ки ба Тоҷикистон барои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати расидан ба рушди беҳтари иқтисодӣ ёрӣ расонем.
Ин ҳарфҳоро намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Ӯ дар суҳбат бо намояндагони ВАО зикр кард, ки таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ворид намудани технологияҳои навтарин ва татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти мо буданд.
- Бисёр  хушҳолу  сарфарозам, ки нахустин дидори худро бо Ҷаноби Президент анҷом додам ва ин амр барои тақвияти ҳамкориҳои судманди минбаъдаи мо таъсири нек хоҳад гузошт. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, сохтори хусусӣ ва ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда ва татбиқи самарноки барномаҳои ҳамкорӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем, - изҳор дошт намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 1500
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед