logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани нақби Шар-Шар ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара, 30 августи соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам сохтмончиён!
Ҳозирини гиромӣ!

Чунон ки ҳамаи шумо медонед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, дар доираи он солҳои охир бунёди нақбу пулҳо ва сохтмону азнавсозии роҳҳои мошингард, инчунин роҳҳои оҳанро анҷом дода истодааст, ки имрӯз, яъне дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода додани нақби Шар-Шар боз як намунаи возеҳи он мебошад.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз 18-умин солгарди онро таҷлил мекунем, инчунин ифтитоҳи нақби Шар-Шар ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара табрику таҳният мегӯям.
Ағбаи Шар-Шар дар масири шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Кулма, ки дар ояндаи наздиктарин робитаи нақлиётии миёни минтақаҳои калонтарини мамлакатро дар тамоми фасли сол таъмин намуда, Тоҷикистонро бо давлатҳои ҳамсоя ва бандарҳои обӣ пайванд хоҳад кард, даҳсолаҳои зиёд барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади одамон мушкилоту хатари ҷиддӣ эҷод мекард.
Бо дарназардошти ин мушкилот ва бо мақсади ҳарчи осон кардани ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи зикршуда мо ҳанӯз соли 2003-юм масъалаи бунёди нақби Шар-Шарро ба миён гузошта будем.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва баъди ба имзо расидани созишномаҳои дахлдор 20 октябри соли 2006-ум, яъне қариб се сол пеш расман ба сохтмони он шурӯъ карда будем.
Дар тӯли се сол бо сарфи зиёда аз 130 миллион сомонӣ нақби дарозиаш 2224 метр, 5 километр роҳи даромаду баромади он ва пули дарозиаш 180 метр мутобиқи талаботи меъёрҳои замонавӣ сохта шуд, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳоло масофаи роҳи Душанбе - Кӯлоб 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он 40 дақиқа кӯтоҳ гардид.
Ин нақб на танҳо дар таъмини робитаҳои доимии нақлиётии миёни минтақаҳои кишварамон, балки дар эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим аҳамияти бузург дорад. Бунёди ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ба шарофати заҳмати аҳлонаву шабонарӯзии мутахассисону нақбканҳои маҳалливу хориҷӣ муяссар гашт.
Бинобар ин, мехоҳам ба тамоми мутахассисону кормандони муҳандисиву техникии ҳам ҷониби Чин ва ҳам Тоҷикистон, ки дар бунёди нақби Шар-Шар заҳмат кашида, онро дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода супурданд, самимона арзи сипосу миннатдорӣ намоям.
Нақби Шар-Шар, ки яке аз ҳалқаҳои пайванди робитаи нақлиётии Тоҷикистону Чин мебошад, боз як самараи неки ҳамкории дӯстонаи миёни халқҳо ва кишварҳои мо ба шумор меравад. Зеро он бо сармоягузории ҳар ду ҷониб ва бо кори созандаи мутахассисону кормандони муҳандисиву техникии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар  бунёд гардид.
Бо дарназардошти ин нақб ва дигар иншооти коммуникатсиониву энергетикӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе – Чанак, нақби Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Лолазор – Хатлон ва Ҷануб - Шимол, ки бо сармоягузорӣ ва иштироки бевоситаи мутахассисону коргарони Чин бунёд шуда истодаанд ва баъзеи онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд, бо қаноатмандӣ мехоҳам изҳор намоям, ки солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз кишварҳои бузурги минтақа ва ҳамсояи наздики мо буда, халқҳоямон дар тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳам дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ доранд, ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ дастгириву пуштибонӣ ва кӯмаку мусоидати ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро  эҳсос мекунад, ки ин робитаи неку ҳусни ният ба нафъи ҳар ду мамлакат мебошад.
Мо ба робитаҳои гуногунҷабҳа бо ҳамсояи бузурги шарқиамон таваҷҷӯҳ ва афзалияти бештар дода, минбаъд низ барои таҳкими муносибатҳои миёни кишварҳоямон кӯшишу талош хоҳем кард.
Дар доираи татбиқи марҳалаи якуми лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма - сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки мутахассисон ва сохтмончиёни ҷониби Чин имрӯз оғоз гардидани азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара далели возеҳи густариши ҳамкориҳои мо мебошад, ки бо ин мақсад қариб 230 миллион сомонӣ сарф карда хоҳад шуд.
Таҷдиди қитъаи зикршудаи шоҳроҳ имконият медиҳад, ки масофаи он  нисбат ба роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа - Данғара 76 километр кӯтоҳ гардад.
Илова бар ин, бо оғоз гардидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳ барои шаҳрвандони кишварамон садҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Вобаста ба мавзӯъ мехоҳам як нуктаро махсус хотирнишон намоям, ки дар шароити имрӯза, хусусан дар шароити бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ даст задан ба сохтмони чунин иншооти бузург ва серхароҷот кори осон нест. Вале мо роҳи дигар надорем, зеро рушди устувори иқтисодии кишварро танҳо ва танҳо тавассути бунёди инфраструктураи нақлиётии ҳозиразамон ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ таъмин кардан мумкин аст.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ба эътидол овардани вазъи инфраструктураи нақлиётиву коммуникатсионии мамлакат таваҷҷӯҳи торафт бештар дода истодааст.
Ҳамин аст, ки бо мақсади рушди соҳа ҳоло дар кишварамон татбиқи як силсила лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома дорад, ки ҳаҷми умумии маблағи онҳо 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ (қариб 650 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Аз соли 2000-ум то имрӯз дар мамлакатамон бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои таъйиноти гуногун таъмиру таҷдид гардида ё роҳҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.
Сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналхалқии Душанбе – Хуҷанд -  Бӯстон - Чанак, Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Кулма, Душанбе – Саритош - Ош, ки Тоҷикистонро бо давлатҳои ҳамсоя пайванд месозанд, суръати тоза касб карда, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон якчанд пули мошингард, аз ҷумла пули бузурги Панҷи Поён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ҳоло дар масири шоҳроҳи Душанбе - Чанак корҳои сохтмон ва таҷҳизонидани нақбҳои «Истиқлол»-у Шаҳристон ва долонҳои зидди тарма босуръат идома дошта, дар вақтҳои наздиктарин ба истифода дода хоҳанд шуд.
Чунон ки ҳамватанони азизамон аз васоити иттилооти омма хабар доранд, чанде пеш ба азнавсозии роҳҳои Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ ва Дӯстӣ – Панҷи Поён низ шурӯъ кардем.
Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки бо ҷалби зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ азнавсозии 400 километр роҳҳои мамлакат ва сохтмони пулу нақбҳои оғозкардаамонро пурра анҷом дода, кишварамонро то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо намоем.
Корҳое, ки мо ҳоло оғоз намудаем, аз ҷумла нақби Шар–Шар ва шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара танҳо бо дарназардошти рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон тарҳрезӣ шуда, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи фарзандони бонангу номуси миллатамон аз нақша ба воқеият табдил ёфта истодаанд ва аз самараи онҳо чандин насли ояндаи мардуми шарифу сарбаландамон баҳравар хоҳад шуд.
 Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар солҳои наздик ҳадафҳои стратегии давлати мо дар амал татбиқ шуда, ҳама дар маҷмӯъ ба таъмини сифат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми кишварамон мусоидат хоҳанд кард.
 Барои ба ин ҳадафҳо расидан аз ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ҳар як шахси ватандӯст тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама манфиатҳои халқу давлат ва Ватани азизи худро афзал шумурда, ба хотири ободии Ватан, таҳкими иқтидори давлат ва осоиши мардум кору фаъолият намояд ва дар раванди созандагиву ободонии сарзамини куҳанбунёди аҷдодӣ ширкати фаъол дошта бошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ба ҳамаи шумо ифтитоҳи нақби Шар-Шарро муборакбод гуфта, ба бунёдкорони роҳи Душанбе – Ваҳдат - Данғара барори кор ва ба онҳое, ки аз ин иншооти тақдирсоз истифода мекунанд, роҳи сафеду бехатар орзумандам. Ва бо умеди пояндагии озодиву истиқлолияти миллати куҳанбунёди тоҷик пешниҳод менамоям, ки нақби Шар-Шар аз ҳамин рӯз нақби «Озодӣ» номида шавад.

Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед