logo

ҳуқуқ

САРҲАД. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 72 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ЯК МОҲ

Дар давоми як моҳи соли ҷорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 2 маротиба даргирии мусаллаҳона ба амал омада, марзбонони тоҷик аз 32 мавриди кӯшиши убури ғайриқонунии марз пешгирӣ карданд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо тасдиқи ин хабар, ба мо иттилоъ дод, ки моҳи апрел хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти қудратии мамлакат аз қочоқчиён ба миқдори 72 килограмму 412 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира намуданд. Дар натиҷаи ҳафт амалиёти муштараки марзбонон аз қочоқчиён 3 адад яроқи оташфишон ва 171 дона тири қутраш гуногун, 1 адад норинҷаки РГД - 5 ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира шуд.
Дар ин давра 42 нафар вайронкунандаи марз ва дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 81 нафар боздошт гардида, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд. Ду нафар ба далели риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шуда, 2 тани дар кофтуков қарордошта дастгир гардид.
Ин дар ҳолест, ки аз ибтидои соли равон то кунун дар маҷмӯъ қочоқчиёни маводи мухаддир бо марзбонони тоҷик 12 маротиба вориди даргирии мусаллаҳона шуда, дар натиҷа ҳашт қочоқчӣ безарар гардонда шудааст.
Зимнан, дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ - ҷангӣ дар моҳи апрели соли равон, ки дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор гашт, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амният, суботу оромии ҷомеа, роҳ надодани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба хоки Тоҷикистон рисолати асливу фаъолияти меҳварии марзбонон арзёбӣ гардид. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, таъкид намудааст, ки бо назардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми минтақа дар таҳкими ҳифзи сарҳад чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 1342
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед