logo

маориф

"МУЪМИНОБОД. МАКТАБИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД"

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мақолаи «Муъминобод. Мактаби мусиқӣ ба дастгирӣ ниёз дорад» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 30 марти соли 2017 нашр шудааст, дар маҷлиси назоратӣ – истеҳсолии назди раиси ноҳия бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия аз соли 1975 ба фаъолият шурӯъ намуда, то ин давра шумораи зиёди шогирдонро омода намудааст.
Дар мақола дар боби ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия ва нарасидани созҳои мусиқӣ сухан меравад. Қобили зикр аст, ки дар ин мактаб 3 фортепиано, 6 доира, 4 рубоб, 1 тор, 6 таблак, 1 аккордеон, 4 дутор, 3 ямаха, 4 компютер ва 2 принтер барои дарсазхудкунӣ ва сайқали маҳорат мавҷуд мебошанд. Дар ин даргоҳи ҳунар 15 нафар омӯзгор ба 146 нафар толибилм дарси мусиқӣ меомӯзонанд. Иштироки ҳунаромӯзон дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия ва берун аз он назаррас аст.
Мактаби мусиқӣ дар бинои алоҳидаи собиқ беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дорад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2016 Кохи фарҳанг бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифт. Ба ин васила қисме аз мушкилоти асосии соҳа рафъ гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо истифода аз имкониятҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дигар мушкилоти ҷойдоштаро низ бартараф намояд.
Л.  ШАРИФЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 1489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед