ҳуқуқ
САНАДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Маҳмад Раҳимзода, директори марказ, иброз дошт, ки кишвари мо то имрӯз санадҳои зиёди байналмилалиро эътироф кардааст, ки онҳо барои такмили қонунгузорӣ мусоидат кардаанд. Аз ин ҷост, ки моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалии эътирофнамударо ҳамчун қисми таркибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекунад. Мавсуф таъкид намуд, ки санадҳои байналмилалӣ дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир доранд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Бахтовар Сафарзода гуфт, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар рушди низоми ҳуқуқии кишварамон мусоидат мекунанд. Дар байни теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалие, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ доранд, шартномаҳои байналмилалӣ оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ мақоми хос доранд. Зеро баъди соҳибистиқлол шудан Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани ихтилофот, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳо гардида, саъйи худро барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар ҷаҳон эълом дошт. Ин нукта дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990, зикр шудааст.
Бо такя ба арзишҳои миллӣ, афкори башардӯстонаи мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд. Нуктаи мазкур баъдтар, бевосита дар сархати якуми моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна муайян гардида, шакли меъёрро гирифт. Мутобиқи меъёри мазкур Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.05.2017 №: 103 Мутолиа карданд: 1329