номаҳо
ДУНЁ БА УМЕД АСТ
Бо вуҷуди ҳамаи пешравию дастовардҳо дар соҳаи маориф, сохтмону таҷдид ва таъмири ҷориву пурраи садҳо муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Албатта, бовар ҳаст, ки онҳо ба тадриҷ рафъ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - и ба номи Шариф Каримови деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан ҳанӯз соли 1959 ба таври ҳашар бунёд гардида буд. Як қисми ин муассисаи таълимӣ пурра корношоям шуда буд. Аз ин рӯ, соли таҳсили 2008 – 2009 бо роҳбарии шахсони масъул ва кумаку дастгирии сокинони деҳа ба тарзи ҳашар 10 синфхонаи иловагӣ сохтанд. Бунёди таҳкурсии бино ба соли 1970 рост омада, айни ҳол дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Мизу курсиҳо шикастаанд. Таҳсил дар ин ҷо аз ҷониби мақомоти дахлдор манъ карда шуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин, масъулони соҳаи маориф нарасидани синфхонаҳоро асос намуда, иҷозат доданд, ки дар он хонандагон таҳсилро идома бидиҳанд. Суоли матраҳ он аст, ки масъулон оё чунин ваколат доранд?
Дар ин мактаб 668 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамояд.
Мактаб толори маҷлисгоҳ, китобхона, майдони варзиши ҷавобгӯи талаботи даврро соҳиб нест. Балки одитарин шароити инкишофи ҷисмию зеҳниро надорад.
Ба мақомоти дахлдори шаҳру вилоят дар ин маврид борҳо муроҷиат намуда бошем ҳам, ҷавобҳои умедворкунанда надодаанд.
Ҳамин тавр, ин масъала чандин сол боз ҳалли дурус-ти худро намеёбад ва мушкилот ҳамоно боқӣ мондааст. Бовар дорем, ки ин бор баъди нашри матлаб дар гӯшаи дӯстдоштаамон «Шаҳрванд» масъулон моро дуруст мефаҳманд ва дар ҳаллу рафъи он даст мегиранду саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба ҳар ҳол дунё ба умед аст.
Муҳаббат НОРҚУЛОВА, Маматқул ЮЛДОШЕВ,
Азиз ДОДОКАЛОНОВ, Абдуғаффор
БОБОКАЛОНОВ, Хуршеди АЗИЗ, Маҳканом ИНОМ, Абдуваҳҳоб УМОНОВ ва дигар сокинони деҳаи Обҷувозишаҳри Истаравшани вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2017 №: 104 Мутолиа карданд: 2858