logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба савол Айналишо АЙНАЛИШОЕВ - муовини сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавоб дод. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Барои барҳам  додани ташкилоти ҷамъиятӣ  кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Исо Таштанбеков, сокини ноҳияи Мурғоб

 - Тибқи талаботи  моддаи  33 (1)  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ташкилоти ҷамъиятиро барҳам диҳанд.
Анҷуман, конфронс ё маҷлиси умумии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст, вазифадор аст дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад. Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ гирифта, риоя гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаи санҷиш ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани он маълумот ворид менамояд. Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод шаванд:
- ариза, нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет.
Мақоми бақайдгиранда дар муддати даҳ рӯз, аз лаҳзаи ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ, вазифадор аст, ки риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро санҷад, ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид намояд, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусха диҳад.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, намояндагӣ ё филиалҳои он аз рӯзи ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхӯрда ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 1131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед