номаҳо
ТАДБИРИ ДУРУСТУ БЕҲТАРРО ХОҲОНЕМ
Мо, сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳамсоягии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндагӣ дорем. Дар маҳаллаамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98 ҷойгир аст, аммо ба шуъбаи маорифи ноҳияи Сино вобастагӣ дорад. Дар муассиса зиёда аз 1700 нафар хонанда таҳсил менамояд, ки аз ин шумора 500 нафар хонанда аз ноҳияи Сино буда, зиёда аз 700 нафари дигар истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд ва 500 нафари дигар фарзандони иҷоранишинонеанд, ки дар ин маҳалла иқомат доранд. Соли ҷорӣ ба фарзандони мо, ки дар ин муассисаи таълимӣ солҳо боз таълим мегирифтанд, роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон доимо гуфта истодаанд, ки тибқи банди 2 Фармоиши № 132 аз 16-01-2017 Вазорати маориф ва илм аз соли нави хониши 2017-2018 хонандагоне, ки дар қайди ноҳияи Сино нестанд, ба муассиса роҳ дода намешаванд. Онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаи таълимии деҳаи Чортут ё ягон муассисаи дигар ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки муассисаи таълимии Чортут, бо ин ки ба шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тобеъ аст, аз маҳаллаи мо дар фосилаи дур ва он ҳам дар байни роҳи калони мошингард воқеъ мебошад, ки ба ҳаёти кӯдакон хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварда метавонад. Инчунин, таълим дар худи муассиса, бинобар сабаби набудани шароити дуруст ва надоштани бинои иловагии таълимӣ, дар 3 - 4 баст гузаронда мешавад. Дар наздикиҳои маҳалла бошад, муассисаи дигари таълимӣ вуҷуд надорад.
Бо умед ин номаро ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ирсол медорам. Шояд масъулон аз ин мушкилоти печида огоҳӣ ёфта, тадбири дурусту беҳтарро биандешанд, ки барои ҳар ду ҷониб ба манфиати кор бошад.
Баҳром ШИРИНОВ,
раиси кумитаи падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 98, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2017 №: 108 Мутолиа карданд: 2807