logo

ҳуқуқ

МАШҚҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ДУШАНБЕ

31 май дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти зӯроваридошта барои солҳои 2017 - 2019, ҷамъомади навбатии ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Зикр гашт, ки марҳалаи аввали машқҳои зиддитеррористии «Душанбе - Зиддитеррор - 2017» рӯзҳои 23 - 26 май дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии ситоди Маркази зиддитеррористии ИДМ баргузор шуданд. Ин марҳала ҷараёни ҳамкории хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар мубориза алайҳи ҷинояткорони байналмилалӣ, пайдо кардан, пешгирӣ намудани эмиссарони гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гирифтани пеши роҳи ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, огоҳсозии кишварҳо зимни сар задани хатарҳои террористӣ ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ дар бахши амният ва бехатариро дарбар мегирад.
Дар ҳамоиш натиҷаҳои марҳалаи якуми амалиёти якҷояи мақомоти дахлдори зиддитеррористии кишварҳои ИДМ таҳти шиори «Душанбе - Зиддитеррор - 2017» ҷамъбаст гардида, дар марҳалаи дуюми амалиёти машқҳои зиддитеррористӣ бо истифода аз неруҳои ҳарбӣ озод намудани гаравгонҳо ва безарар гардондани террористони шартӣ дар иншооти муҳими давлатӣ дар назар аст.
Дар доираи ҷамъомади Душанбе мулоқоти роҳбарияти Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати фармондеҳии округи ҳарбии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия бо намояндагони воситаҳои ахбори омма пешбинӣ гардидааст.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед