logo

ҳуқуқ

МАРЗБОНӢ. ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ИҚТИДОРИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАНД

- Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори муназзаму муташаккил ва боэътимод ҳифзи марзи беш аз 4000 километраи Тоҷикистонро бо чор давлати ҳаммарз ба уҳда дорад. Ин ниҳод аз оғози фаъолият то кунун дар ҳимояи сохти конститутсионӣ, ҳифзи марзу бум, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, молҳои саноатӣ, қонуншиканиҳои сарҳадӣ корҳои зиёде анҷом додааст.

Ин матлабро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши тантанавие бахшида ба бисту сеюмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ баён дошт. Дар чорабиниҳои идона, ки рӯзи 27 май нахуст дар яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар толори «Кохи шараф» - и маркази таълимии «Пойтахт» идома ёфт, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев иштирок намуда, афсарону сарбозонро ба муносибати рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд. - Ҳукумат ва мардуми қадршиноси тоҷик афсарону аскарони шуҷоъро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва замони осоиштаи соҳибистиқлолӣ қаҳрамонӣ нишон дода, дар муҳофизати марзу буми кишвар ҷоннисорӣ кардаанд, фаромӯш намекунад ва ному хотираи неки онҳоро пос медорад, - изҳор дошт Шералӣ Хайруллоев.
Худи ҳамон рӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе маҷмааи варзишӣ барои 300 нафар ба истифода дода шуд, ки аз майдонҳои теннис, волейбол, футбол,  монеаҳои варзишию  муҳандисӣ, ҳаммом ва нуқтаҳои истироҳатӣ иборат буда, бо лавозимоти ҳарбӣ - варзишӣ таъмин мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми фаъолият аз ҷониби марзбонони тоҷик 11 382 вайронкунандаи низоми сарҳадӣ дастгир гардида, 503 амалиёти фаврӣ - оперативӣ гузаронда шудааст. Бо қочоқчиёну марзшиканон 372 задухӯрди мусаллаҳона ба миён омада, 619 нафар безарар, 135 нафар захмдор ва 548 нафари дигар ҳамчун ҷинояткор дастгир шудааст.
Хизматҳои сарҳадчиён ҳамеша қадр мешавад. Аз ҷумла, солҳои 2012 - 2016 бо дастгирии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 100 нафар марзбон бо манзили истиқоматӣ таъмин гардид. Соли ҷорӣ маркази таълимии «Пойтахт», бинои таълимии сеошёна бо таҳхонааш, як қасри бошукӯҳи фарҳангӣ ва синфхонаҳои соҳавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ афсарону сарбозоне, ки дар рафти хизмат ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.  

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1395
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед