logo

ҳуқуқ

"КӮКНОР-2017". АМАЛИЁТ ТО 30 НОЯБР ИДОМА МЕЁБАД

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 майи соли 2017  «Дар бораи гузарондани амалиёти «Кӯкнор - 2017»  ба тасвиб расид, ки то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар ин бора аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Дар асоси қарори раиси шаҳр раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе якҷо бо Ситоди шаҳрӣ гурӯҳҳои оперативӣ - ҷустуҷӯиро барои муоинаи заминҳои ҳудуди пойтахт таъсис доданд.
Тибқи қарори мазкур  бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани рустаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар шаҳри Душанбе нигаронда шудааст. Бо мақсади таъмини назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузарондани  амалиёти «Кӯкнор-2017»  Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шудааст.
Бар пояи қарори раиси шаҳр Ситоди шаҳрӣ ҳар се моҳ ҷамъ омада, рафти амалиёт, масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани рустаниҳои нашъаовар, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо машғулро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва аҳли ҷомеаро муваззаф кардааст, ки оид ба ташкил ва гузарондани амалиёти мазкур якҷо бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо ва ниҳодҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳои муассир андешанд. Тибқи ин қарор Ситоди шаҳрӣ бояд аз натиҷаи фаъолият ва чораҳои андешидашуда дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва дар давраи дуюм то 10 декабри соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1260
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед