logo

порлумон

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. ҚОНУНИ МУКАММАЛ ҚАБУЛ ГАРДИД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба тасвиб расид.
 
Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагон, иброз намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар тавассути танзим ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии ҷомеа, маълумотноксозии шаҳрвандон, бахусус наврасон ва ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, мусоидат намудан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар, таҳия шудааст.
Назарзода Ризо, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳа гуфт, ки он дар заминаи баргузории ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таҳия гардидааст. Назар ба гуфтаи ӯ, то соли 2020 мувофиқи модели  таҳияшудаи рушди сайёҳӣ саҳми ин соҳа дар ММД кишвар то ба 5 дарсад ва саҳми ғайримустақими он ба рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 дарсад расонда шуда, 1 миллион сайёҳ қабул карда мешавад. Мавсуф тартиби нави ба расмият даровардани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷиро яке аз тадбирҳои таконбахш барои ҷалби минбаъдаи сайёҳони хориҷӣ арзёбӣ кард. Тоҷикистон бо 10 давлати дунё тартиби бераводид дорад. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби электронии раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифи бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ин ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳони хориҷӣ васеъ гашта, ба 109 давлат рост омад. Вуруди сайёҳон дар давоми се соли охир ду маротиба афзуд. Зикр гардид, ки дар заминаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 2858
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед