logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва тамоми матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва калимаҳои «марзию маъмурии», «марзию маъмурӣ», «марзиву маъмурӣ», «зайл» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии», «маъмурию ҳудудӣ», «зерин» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар матни модда калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои «- намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-» хориҷ карда, калимаи «сарварӣ» ба калимаи «роҳбарӣ» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва чоруми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;».
4. Аз қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «- намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
5. Дар сархати бистудуюми моддаи 20 калимаи «қонунҳо» ба калимаҳои «қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
6. Сархатҳои сеюм ва панҷуми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;».
7. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаи «манбаҳои» ба калимаи «сарчашмаҳои» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1411


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 699

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» - ро баррасӣ намуда,   қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 370


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2017    №: 110-113    Мутолиа карданд: 1470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед