logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1, сархати якуми қисми якуми моддаи 4, матни моддаи 15, қисмҳои сеюм ва даҳуми моддаи 56 ва қисми панҷуми моддаи 65 калимаҳои «қаламрави» ва «қаламравашон» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудудашон» иваз карда шаванд.
2. Аз қисми дуюми моддаи 1, матни моддаи 3, сархати панҷуми моддаи 6, сархати дувоздаҳуми моддаи 18, матни моддаи 51 ва қисми чоруми моддаи 53 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «маҳаллӣ» ва «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» ва «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 5 калимаҳои «маҳаллӣ» ва «ташкилотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» ва «иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 7 калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар» иваз карда шаванд.
6. Дар ном ва қисми дуюми моддаи 9 калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» иваз карда шавад.
7. Матни моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти прокуратура муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд. Қароре, ки прокурор марбут ба баррасии муроҷиатҳо қабул намудааст, барои ба суд муроҷиат кардани шахс ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ монеъ шуда наметавонад.
Агар шахс вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда натавонад, прокурор ҳуқуқ дорад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кунад.».
8. Ба қисми дуюми моддаи 16 сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бинобар нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;».
9. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 23 калимаҳои «маҳаллӣ» ва «ташкилотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» ва «иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми сеюми моддаи 27 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми дуюми моддаи 33 ва номи боби 6 калимаҳои «ҷиноӣ» ва «ҶИНОӢ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷиноятӣ» ва «ҶИНОЯТӢ» иваз карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 41 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ надаромадаи» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо накардаи» иваз карда шаванд.
13. Қисми якуми моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35-сола бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1410

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 майи соли 2017, № 758


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 373


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2017    №: 110-113    Мутолиа карданд: 1517
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед