logo

порлумон

НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТА БА ВАКОЛАТИ БОНКИ МИЛЛӢ ВОГУЗОР ШУД

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли ҷорӣ пешбурди назорати фаъолияти суғуртаи ҷумҳурӣ аз ваколати Вазорати молия ба ваколати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронда шуд.

Ин матлаб дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»  аз ҷониби Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ироа гардид.
Бо назардошти ҳамин тағйирот аз  қонуни мазкур муқаррарот дар бораи мақоми давлатии назорати санҷиши фаъолияти суғуртавӣ, инчунин, бо мақсади кам кардани сарборӣ ва дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ муқаррарот дар бораи мақоми давлатӣ дар самти пешбурди иҷозатнома ва иҷозатномадиҳӣ низ хориҷ карда мешавад. Аз ин пас, пешбурди назорати  фаъолияти суғуртавӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва пешбурди назорати  фаъолият дар самти иҷозатнома ва иҷозатномадиҳӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» роҳандозӣ мешавад.
Назар ба гуфтаи Акрамзода Баҳодур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, лоиҳаи қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади асосӣ иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шарикони рушд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, инчунин, дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин,  ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид шуд. Тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ  карда мешавад.  Шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот,  тамоку ва  маҳсулоти  тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи лоиҳа гуфт, ки  ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани  тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии кишвар   мебошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2017    №: 110-113    Мутолиа карданд: 3083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед