номаҳо
НАЙРАНГИ ЯК КОРФАРМО
Меҳроҷ Назаров, сокини ноҳияи Зафаробод, моро бо ду техникаи калон – экскаватори «Хундай» ва «КАМАЗ», инчунин, як нафар коргар кор фармуд. Мувофиқи шартнома дар муддати ду моҳ дар масофаи 2,5 км қубурҳои обгузареро, ки истифода бурда намешуданд, кофта, аз канали боло ба ҷойи зарурӣ овардем. Ин масофа ҳам 2, 5 км – ро ташкил медод. Баъдан боз заминро дар ин ҷо кофта, қубурҳоро васл намудем. Барои иҷрои кори мазкур ба миқдори 14000 (чордаҳ ҳазор) сомонӣ сӯзишворӣ сарф кардем. Сӯзишвориро қарз гирифта ва ваъда дода будем, ки бо гирифтани пули ону музди меҳнатамон қарзро мепардозем. Пас аз анҷоми кор музди меҳнатамон 40000 (чил ҳазор) сомониро ташкил дод.
Бояд зикр намоям, ки ба қубурҳое, ки мо васл карда будем, об омада ва заминҳо обёрӣ шуда истодааст. Аммо беш аз як сол аст, ки мо музди меҳнату хараҷотамонро гирифта наметавонем. Барои гирифтани ҳаққи кори худ аз шаҳраки Ғончӣ то ба Зафаробод, ки масофаи он 60 км – ро ташкил медиҳад, 20 маротиба рафтам, лекин ягон натиҷа надод. Аз ин рӯ, зарур шумурдам, ки ба гӯшаи дӯстдоштаву хонданиям, яъне «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат намоям. Албатта, ба ин умед, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва ҳам нашри он барои дигарон дарси ибрат мешавад.
Меҳроҷ КЕНҶАЕВ,
шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2017 №: 114-117 Мутолиа карданд: 2736