logo

ҳуқуқ

ҶАРИМА. ДАР БОРАИ ТЕРМИНАЛҲОЕ, КИ АМАЛАШОН ХИЛОФИ ҚОНУН АСТ

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкатҳои “ССП Пайванд”, «Пардохт ТҶ» ва «Леваканд тиҷорат» - ро ҷарима кард.

Тавре аз хадамот ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, сабаби асосии ин амал хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳангоми гузарондани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо аз 3 то 10 фоиз ҳаққи хизмат ситондани ширкатҳо мебошад. Тибқи талаботи банди 14 - и боби 4 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207 - 7 дар бораи «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҳангоми гузарондани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) барои қабули пардохт набояд фоиз ситонда шавад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз моҳи феврал бо мактубҳои расмӣ ширкатҳоро вазифадор карда буд, ки ситондани фоизро қатъ кунанд.
ҶДММ “ССП Пайванд” дар мактуби ҷавобӣ аз 20 феврали соли 2017 ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ маълумот дода буд, ки ба воситаи терминалҳои он аз муштариён фоиз (комиссионӣ) ситонда намешавад.
Аммо санҷиш нишон дод, ки аз ҷумла 3 майи соли 2017 ҳангоми пардохти маблағҳо ба тавозуни симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби терминалҳои ҶДММ “ССП Пайванд” № 345148, №350272, № 350713, № 350766 № 350769 (дар шаҳри Душанбе) аз маблағҳои пардохтгардида 3 - фоизӣ ситонда шудааст. Яъне, дар ширкати мазкур маблағситонии ғайриқонунӣ идома дошт.
Чунин амали хилофи қонуни терминалҳои «ССП Пайванд» чуноне аз маълумоти шуъбаи минтақавии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Бадахшон аз 4 майи соли ҷорӣ бармеояд дар вилояти Бадахшон низ ошкор шуд.
Нисбат ба ҶДММ “ССП Пайванд” барои вайрон кардани талаботи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, ҷиҳати хотима додани нақзи ҳуқуқи истеъмолқунандагон амрнома содир шуд.
Мутаассифона, то ҳол дигар ширкатҳои бозори алоқаи мобилӣ низ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Масалан, 12 апрели соли 2017 ҳангоми пардохти маблағҳо тавассути терминалҳои ҷамъияти ҶДММ “Леваканд тиҷорат» дар маҳалҳои гуногуни Душанбе 3 фоиз маблағ ситонда шуд.
Нақзи қонун аз ҷониби терминалҳои ҶДММ «Пардохт ТҶ» дар дохили толори фурудгоҳи шаҳри Душанбе ошкор гардид, яъне ин терминалҳо аз муштариён 3 фоизӣ маблағ меситонданд. Дар натиҷа, ин ширкат низ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба операторони алоқаи барқӣ, аз ҷумла ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶММ ҶМ «Тоҷикмобайл», ҶСП «Телеком Технолоҷӣ»,  ҶСП «Вавилон Мобайл», ҶСП «ТК Мобайл» мактуби расмӣ ирсол гардиданд, ки дар шартномаҳои амалкунанда бо субъектҳои хоҷагидори дар самти хизматрасонии терминалҳо фаъолияткунанда оид ба қатъи ситондани фоиз барои қабули пардохт ҳангоми гузарондани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) фавран тағйиру иловаҳо дароранд.
Тавре аз мисолҳои болоӣ бармеояд, дар баробари дигаргуниҳои мусбат дар фаъолияти терминалҳои хизматрасон, ки аксарашон дигар фоиз намеситонанд, ҳанӯз ҳодисаҳои пулгирии беасос ба чашм мехӯрад. Масълаи мазкур зери назорати ҷиддии масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор дорад. Барои пурра пешгирӣ кардани пулситонии ғайриқонунӣ ҳар муштарӣ метавонад дар сурати ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудан ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои маҳаллии он хабар диҳад.
Лашкар ШАРИФӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед