logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 348; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, № 7, мод. 541, № 12, мод. 906) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми сеюми моддаи 1, матни моддаи 2, сархати якуми қисми дуюми моддаи 7, қисми якуми моддаи 8 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 1, қисми якуми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми сеюми моддаи 20 ва матни моддаи 24 калимаҳои «қаламрави» ва «қаламравро» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудудро» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаҳои «ин мақомот» ба калимаҳои «мақомоти мазкур» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм  калимаҳои «овоз диҳад» ба калимаҳои «овоз дода ва дар ҳалли онҳо иштирок намояд» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;»;
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «марзию маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми дуюм калимаҳои «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи якуми қисми дуюм калимаҳои «вакилон ба» ба калимаҳои «вакилон дар» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «ҳар масъала ва таклифҳо» ба калимаҳои «таклифҳо ва масъалаҳоро  мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 14:
- дар қисми якум:
- дар матни қисм калимаи «интихоботи» ба калимаи «интихоботии» иваз карда шавад.
- дар ҷумлаи дуюми сархати якум калимаҳои «ин мақомот» ба калимаҳои «мақомоти мазкур» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «мақомоти ҳизбҳои» ба калимаҳои «намояндагони ҳизбҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «санадҳои дигари» ба калимаҳои «дигар санадҳои» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 15:
- дар номи модда калимаи «шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шавад;
- дар қисмҳои якум, дуюм ва чорум калимаҳои «шаҳрвандонро», «шаҳрвандон» ва «шаҳрвандонро» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро», «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ» ва «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро» иваз карда шаванд.
9. Қисми якуми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад, бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда вазифадоранд аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ вакили Маҷлиси вакилони халқро бетаъхир қабул кунанд.».
10. Дар ҷумлаи якуми қисми дуюми моддаи 18 калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
11. Ба ҷумлаи дуюми моддаи 19 пас аз калимаи «шудааст,» калимаҳои «ошкор намояд ва» илова карда шаванд.
12. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «таарруз» ба калимаи «таҳқир» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1432


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     А. АЗИЗӢ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2017, № 749


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 381


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1424
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед