logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №7-8, мод. 503; с. 2012, №4, мод. 277, №8, мод. 833; с. 2015, №11, мод. 964) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «мӯҳлат», «мӯҳлати», «шӯрои», «Таъини», «таъин», «таъини» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлат», «муҳлати», «Шӯрои», «Таъйини», «таъйин», «таъйини» иваз карда шаванд.
2. Дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 1 калимаҳои «марзию маъмурӣ», «мақоми» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», «мақомоти» ва «ваколати» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаи «инчунин» илова карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар қисми 1 калимаҳои «мусоидат мекунад» ба калимаҳои  «мусоидат мекунанд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонад» ва «вогузорад» мувофиқан ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд» ва «вогузоранд» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
- дар ҷумлаи дуюми қисми 2 калимаҳои «ақалл» ва «намоянда» мувофиқан ба калимаҳои «ақал» ва «вакил» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «азнавташкилдиҳӣ (ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ, табдилдиҳӣ, тақсимшавӣ ва ҷудошавӣ)» ва «марзию маъмурӣ» мувофиқан ба калимаҳои «азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии ва ҷудошавии)» ва «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд;
- аз қисми 7 калимаи «меъёрҳои» хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи 10:
- дар матни модда калимаи «он» ба калимаи «худ» иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои «марзию маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 11:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тартиб додан ва пешбурди китобҳои хоҷагидорӣ;»;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«-назорати истифода ва ҳифзи заминҳои ҳудуди шаҳрак ва деҳот;
- идоракунии молу мулки  шаҳрак ва деҳот;
- назорати иҷрои буҷети Ҷамоат;».
8. Дар сархати сеюми моддаи 12 калимаҳои «ҷамъиятии ҳудуди ҷамоат» ба калимаҳои «ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 13:
- матни модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҷамоат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист ваколатҳои зерин дорад:»;
- аз сархати якум калимаи  «минтақавии» хориҷ карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «манбаъҳои» ба калимаҳои «манбаъҳо ва шабакаҳои» иваз карда шавад.
10. Ба қисми 2 моддаи 14 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Иҷрои босифати шартнома ваколат ва масъулияти тарафҳо мебошад.».
11. Дар моддаи 15:
- дар қисми 4:
- дар сархати дуюм калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда шаванд;
- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «доими» ва «Ҷамоат» мувофиқан ба калимаҳои «доимӣ» ва «шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
-дар қисми 5 калимаҳои «қарори маҷлиси Ҷамоат» ба калимаҳои «қарори Ҷамоат» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 5 моддаи 19:
- дар сархати якум калимаҳои «ариза оид ба истеъфо рафтан» ба калимаҳои «аризаи шахсӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;»;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- изҳори нобоварӣ намудани аз се ду ҳиссаи вакилони Ҷамоат;».
13. Дар моддаи 20:
- аз сархати якум калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тарғиби манфиатҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллиро дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амалӣ менамояд;»
- дар сархати чорум калимаи «шаҳрвандонро» ба калимаҳои «шахси воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро» иваз карда шавад;
- ба сархати панҷум пас аз калимаи «Ҷамоатро» калимаҳои «тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
14. Дар сархати панҷуми моддаи 22 калимаҳои «ҳудуди Ҷамоат» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди шаҳрак ва деҳот» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд.
15. Қисми 2 моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Сохтор, шумораи кормандон ва низомномаи дастгоҳи Ҷамоат тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маҷлиси Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат тасдиқ карда мешаванд.».
16. Дар моддаи 25:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Вазъи ҳуқуқии молу мулки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва танзим карда мешавад.».
17. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 27. Буҷети шаҳрак ва деҳот
1. Лоиҳаи буҷети шаҳрак ва деҳот аз рӯи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҷамоат баррасӣ ва дар шакли қарор қабул карда мешавад.
2. Қисми даромади буҷети шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ташаккул дода мешавад.
3. Ба даромади буҷети шаҳрак ва деҳот маблағҳо аз ҳисоби андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дохил мешаванд.
4. Даромадҳои ғайриандозӣ аз мусоидати молиявӣ (субвенсия), пардохтҳои ихтиёрӣ, даромадҳои хизматрасонии пулакӣ ва даромадҳо аз ҳисоби амалисозии ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузор шудаанд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ накардаанд, иборат мебошанд.
5. Хароҷоти буҷети шаҳрак ва деҳот бо мақсади рушди вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Ҷамоат амалӣ карда мешавад.
6. Ба буҷети шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҷамоат тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.».
18. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк аз синни 18 ҳуқуқи интихоб кардан ва аз синни 20 ҳуқуқи интихоб шудан ба Ҷамоатро доранд.».
19. Дар номи моддаи 31 калимаи «интихобот» ба калимаҳои «интихоботи Ҷамоат» иваз карда шавад.
20. Дар номи моддаи 32 калимаи «интихоботӣ» ба калимаҳои «интихоботи Ҷамоат» иваз карда шавад.
21. Дар моддаи 34:
- дар номи модда калимаҳои «интихоботи вакили Ҷамоат» ба калимаи «интихобот» иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Комиссияи ҳавзавии интихобот дар доираи ваколатҳои худ қарор қабул мекунад, ки он дар шакли протокол ба расмият дароварда мешавад.».
22. Дар моддаи 35:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «ҳавзаи дахлдор» калимаҳои «бо пешниҳоди ариза ба комиссияи ҳавзавии интихобот» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «сар» ба калимаи «оғоз» иваз карда шавад.
23. Дар қисми 1 моддаи 36 рақами «18» ба рақами «20» иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 40:
- дар қисми 1 калимаи «он» ба калимаи «онҳо» иваз карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои «сурғуч мекунад ё» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 3 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботро гирифта, дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.»;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Овоздиҳанда бюллетени интихоботро дар ҳуҷраи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз овоздиҳанда ҳузур доштани шахси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷраи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот, номзад ба вакили Ҷамоат, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват намояд.
5. Интихобкунандае, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудааст, дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд, ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дохил карда мешавад.»;
- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
25. Ба қисми 1 моддаи 41 пас аз калимаи «хусуси» калимаи «гузаронидани» илова карда шавад.
26. Аз матни моддаи 42 калимаи «маҷлисҳои» хориҷ карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба вакили Ҷамоат шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагӣ дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1431


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2017, № 690


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе,18 майи соли 2017, № 380


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед