logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015 «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2015, №7-9, мод. 713) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати ҳафтуми моддаи 3 калимаи «донишҷӯёни» ба калимаи «таълимгирандагони» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 1 моддаи 9:
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дигар маълумотҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.».
4. Ба моддаи 10 қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:
- ятимон;
- бепарасторон;
- кӯдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ);
- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор таҳсили онҳо манъ карда нашудааст;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;
- дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.».
6. Ҳиссаҷудокунӣ (квота) барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул намудани шахсони дар қисми 5 моддаи мазкур номбаршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фармоиши давлатӣ муқаррар карда мешавад.».
5. Дар сархати сеюми қисми 4 моддаи 16 калимаи «давлатӣ» ба калимаи «маҳаллӣ» иваз карда шавад.
6. Дар сархати якуми қисми 5 моддаи 19 калимаи «оинномавии» ба калимаи «оинномаи» иваз карда шавад.
7. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба муассис (муассисон) барои тасдиқ пешниҳод намудани тағйиру иловаҳои ба оинномаи муассисаи таълимӣ воридшаванда;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017,  № 1427

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2017, № 692

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ намуда,   қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 375


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед