logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаҳои 5 ва 322 калимаҳои «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки» ба калимаҳои «шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад,» иваз карда шаванд.
3. Ба қисми 1 моддаи 9 ва қисми 1 моддаи 325 пас аз калимаи «бошад,» калимаҳои «дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад,» илова карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 10:
- банди а) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;»;
- ба банди б) пеш аз калимаи «ғайри» калимаҳои «қобилияти амалаш маҳдуд,» илова карда шаванд;
- бандҳои д), е), ё), ж), з) ва и) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«д) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
е) нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
ё) расидан ба синни нафақа;
ж) риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
и) эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;»;
- бандҳои д) ва е) мувофиқан бандҳои к) ва л) ҳисобида шаванд.
5. Дар банди е) қисми 1 моддаи 11 калимаҳои «муроҷиати шаҳрвандон» ба калимаҳои «муроҷиатҳои шахсони воқеӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 20:
- дар банди а) калимаҳои «давлатии дахлдор» ва «мансабдоре» мувофиқан ба калимаҳои «давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ,» ва «мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда» иваз карда шаванд;
- дар банди б) калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадааст» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо намудааст» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1424


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул  карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 майи соли 2017, № 764

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 396


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед