logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703,  мод. 704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ. 1, мод. 1000;  с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 31, банди 1) қисми 2 моддаи 32, қисми 1 моддаи 40, банди 7) қисми 1 моддаи 73, банди 5) қисми 1 моддаи 76, банди 5) қисми 2 моддаи 81, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 128, қисми 3 моддаи 133, қисми 2 моддаи 136, банди 1) моддаи 196, банди 2) қисми 1 моддаи 206, қисми 2 моддаи 275 ва қисми 2 моддаи 370 калимаҳои «коди», «рамзи (коди)», «кодгузории», «кодгузоришудае» ва «кодгузоринашуда» мувофиқан ба калимаҳои «рамзи», «рамзи», «рамзгузории», «рамзгузоришудае» ва «рамзгузоринашуда» иваз карда шаванд.
2. Дар банди 12) моддаи 345 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 13) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«13) воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
3. Дар моддаи 491:
- ба қисми 1 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) танбеҳи қатъӣ;»;
- бандҳои 3), 4) ва 5) мувофиқан бандҳои 4), 5) ва 6) ҳисобида шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «собиқаи корӣ» ба калимаҳои «собиқаи хизматӣ» иваз карда шаванд.
4.  Дар қисми 1 моддаи 5001:
- дар банди 1) рақами «50» ба рақами «53» иваз карда шавад;
- дар банди 2) рақами «55» ба рақами «58» иваз карда шавад;
- дар банди 3) рақами «60» ба рақами «63» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 5002:
- ба матни модда пеш аз калимаи «Ба кормандони» рақами «1.» илова карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои «ва баромадан» ба калимаҳои «ва (ё) баромадан» иваз карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки бо асосҳои сархатҳои сеюм, чорум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва нуздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои     5), 9), 10), 11), 12) ва 14) қисми 1 моддаи 488 Кодекси мазкур ва (ё) бо асосҳое, ки Оинномаи интизомии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, аз хизмат ҷавоб шудаанд, кумакпулии яквақтаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохта намешавад.».
6. Дар қисми 1 моддаи 501 калимаҳои «додани ёрдампулӣ барои хизмати дарозмуддат» ба калимаҳои «додани иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Муқаррароти қисми 2 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 ва муқаррароти қисмҳои 1, 3-6 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1422

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             А. АЗИЗӢ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2017, № 736


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 387


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 2398
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед