logo

маориф

Соли таҳсили нав: дар мактабҳо шароити таълим фароҳам аст

Имрӯз Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил аст. Ҳазорон нафар ташнагони илм боз ба мактаб -  даргоҳи умеду орзуҳои ширини худ меоянд ва омӯзгорон барояшон дарҳои маониро боз мекунанд.
Чун мақсад таълиму тарбияи шогирдони ҳушманду соҳибмаълумот аст, муаллимон мекӯшанд, ки таҳкурсии сутуни дониши онҳо устувору побарҷо бошад.
Дар иртибот ба 1 сентябр – Рӯзи дониш Оҳистамоҳи Вафобек, хабарнигори «Ҷумҳурият» бо Тоҷинисо Маҳмадова, муовини  Вазири маорифи ҷумҳурӣ, сӯҳбате анҷом дод, ки пешкаши хонандагон мегардад.
- Аз назари Шумо мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ барои қабули хонандагон омода шудаанд?
- Айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ шароити таълиму тарбия барои соли таҳсили 2009 – 2010 фароҳам оварда шудааст ва дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Бисёр масъалаҳо то ҷойе ҳалли худро ёфтаанд. Инҳо таълифи китобҳои дарсӣ, ислоҳоти кадрӣ, компютеркунонӣ, сохтмони мактабҳо, таъмири синфхонаҳо, ва зиёд намудани ҷойҳои нишаст мебошанд.
Ба хотири хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия, истифода аз усулҳои пешрафтаи таълимӣ, боло бурдани сатҳи маърифатнокии хонандагон дар давраи омодагӣ ба соли нави таҳсил қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расиданд.
Ҳамчунин Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ( хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат» аз ҳуҷҷатҳои меъёрии дар ҳамин давра ба тасвибрасида мебошанд. Илова ба он бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ «Низомномаи гимназия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардидаанд.
Имрӯз таълиму тарбияи насли наврас дар мактабҳо дар асоси ҳамин ҳуҷҷатҳо ва «Консепсияи миллии маълумот», «Консепсияи миллии тарбия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.
Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фаъолнокии хонандагон ва сол аз сол беҳ гаштани сатҳи дониши онҳо дарак медиҳад. Хуб аст, ки таваҷҷӯҳи волидон ба раванди таълим зиёд шуда, онҳо барои таъмири мактабҳо кӯмак мерасонанд.
- Имсол чӣ қадар мактабҳои нав ба истифода дода шуданд? Барои чанд ҷойи нишаст?
- Бо назардошти он ки мактабҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштанд, маблағи таъмиру тармими онҳо ба суратҳисоби онҳо ворид гардидааст. Агар  дар солҳои пешин барои таъмири мактабҳои як ноҳия дар доираи то 50 – 60 ҳазор сомонӣ ҷудо мешуд, айни ҳол ҳар як мактаб дар доираи то 13 – 14 ҳазор сомонӣ барои таъмир маблағ ба даст овардааст.
Имсол 34 мактаби нав сохта шуда, онҳо дорои 10 839 ҷойи нишаст мебошанд.
- Таъминот бо китобҳои дарсӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
- То ба имрӯз  176 номгӯи китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ барои синфҳои аз  1 то 11 нашр гардида, пура ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуданд. Китобҳои дарсӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ ва русӣ  ҳам дар доираи имкониятҳои доштаи Вазорати маориф мавриди нашр қарор мегиранд.
- Имсол дар мактаҳо чӣ қадар муаллим намерасад?
-  Дар соли таҳсили сипаришуда бештар аз 2 ҳазор омӯзгор намерасид. Тибқи маълумоти дар ихтиёри Вазорати маориф қарордошта, масъалаи норасоии кадрҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ имсол ҳалли худро меёбад.
 - Аз расонаҳои иттилоотӣ бохабар гаштем, ки имсол ба барномаи таълимӣ фанни нав – «Маърифати ислом» дохил шудааст. Онро дар кадом синфҳо меомӯзанд? Муаллимон - мутахассисони кадом соҳа аз ин фан дарс мегӯянд? Таъмин бо китоби дарсӣ аз ин фан чӣ гуна аст?
- Китоби «Маърифати ислом» бо ширкати донишмандон ва гурӯҳе аз омӯзгорони Донишкадаи давлатии исломии ба номи Имом Абӯҳанифа барои хонандагони синфи 8 омода мешавад. Китоб дар дасти чоп аст, баъди чоп мавриди омӯзиши коршиносон қарор мегирад. Китоб аз 5 боб иборат буда, таърихи  исломро аз пайдоиш то замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар бар мегирад, оид ба ахлоқу фарҳанги исломӣ маълумот медиҳад.
Вазорат тасмим гирифтааст, ки 400 нафар омӯзгори фанни таърих ва адабиётро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон барои аз ин фан дарс  гуфтан тайёр кунад. Аз соли оянда омӯзгорони фанни «Маърифати ислом»  дар Донишкадаи давлатии исломии Имом Абӯҳанифа омода мешаванд.
- Мактабҳои хусусӣ. Онҳо имрӯз чандтоянд, чанд мактаби нави хусусӣ боз шудааст?
- Дар соли нави хониш гимназияҳои нави «Ҳиммат» ва «Кафолат» ба фаъолият оғоз мекунанд. Гимназияи «Кафолат»  бо ибтикори соҳибкор Исматулло Исоев барои 400 хонанда бунёд шудааст, ки дорои тамоми шароити зарурӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Умуман дар ҷумҳурӣ 133 гимназия ва литсей фаъолият мекунанд. 66761   нафар дар ин муассисаҳои таълимӣ дониш хоҳанд омӯхт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед