logo

ҳуқуқ

МАРДУМФИРЕБӢ. ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ ҶАЗО

Суди ноҳияи Вахш сокини 34 - солаи ҳамин ноҳия Орипов Баҳромро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 177 ва 247 қисми 2 бандҳои «а, б» - и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам кард.
Тавре Назарзода Аҳлиддин Саид, судяи суди ноҳияи Вахш, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, Орипов Баҳром барои ба даст овардани даромади муфт бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандон машғул шуда, аввалҳои моҳи июли соли 2016 ба боварии шаҳрванд Қурбонов Қарахон, сокини ноҳияи Вахш, даромада, як сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 2600 сомонӣ гирифта, маблағашро қисман пардохт кардааст. Ӯ чорворо бо мақсади фурӯхтан ба молбозори «Панҷшанбе» - и ноҳия Бохтар бурда, ба марди шахсияташ ба тафтишот номаълум ба маблағи 2550 сомонӣ фурӯхта, маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Моҳи июли соли 2016 бошад аз шаҳрванд Исмонов Рамазон, сокини ноҳияи Вахш, як сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 3000 сомонӣ нархгузорӣ карда, 1000 сомониашро дода ғайб задааст. Ӯ чорворо ба молбозори «Панҷшанбе» - и ноҳияи Бохтар бурда, ба маблағи 2500 сомонӣ фурӯхтааст.
Ҳамчунин, ӯ моҳи августи соли 2016 дар молбозори «Ҷумъа» - и шаҳри Қӯрғонтеппа Холов Ҳидоятулло, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро фиреб дода, як сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 2250 сомонӣ гирифта, 1000 сомониашро дода, бедарак шудааст. Ин чорворо низ дар молбозори ноҳияи Вахш фурӯхта, ба ҷабрдида 1250 сомонӣ зарар расондааст.
Ӯ тахминан охирҳои моҳи августи соли 2016 низ дар молбозори «Тошробод» - и ноҳияи Вахш шаҳрванд Каримов Нурулло, сокини ноҳияи Вахшро фиреб дода, ду сар чорвои калонашро ба маблағи 3200 сомонӣ нархгузорӣ карда, 1050 сомонашро додаасту халос.
Орипов Баҳром ба ин кирдори худ қонеъ нашуда, 21 сентябри соли 2016 ба боварии Базаров Назрулло, даромада, аз хонаи истиқоматиаш ду сар чорвои майдаро ба маблағи 3200 сомонӣ нарх карда, пулашро надодааст. Ин ду чорворо низ дар молбозори «Панҷшанбе» - и ноҳияи Бохтар ба маблағи 2950 сомонӣ фурӯхтааст.
Ғайр аз ин, ӯ мувофиқи ҳалномаи суди ноҳияи Вахш аз 28 апрели соли 2014 уҳдадор шудааст, ки барои таъминоти як фарзанди хурдсолаш Орипова Омина то ба балоғат расиданаш ҳар моҳ ба андозаи 150 сомонӣ алимент пардохт намояд. Аммо, ӯ аз лаҳзаи қабули ҳалномаи суд то моҳи апрели соли 2016 қисман маблағи алименти фарзандашро пардохт намуда, новобаста аз огоҳиномаҳои суд аз моҳи апрели соли 2016 то инҷониб маблағи алиментро ба собиқ ҳамсараш Қаландарова Сарвиноз насупорида, қасдан саркашӣ кардааст, ки қарзаш 1350 сомониро ташкил медиҳад.
Бо татбиқи моддаи 67 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи қисман зам намудани ҷазо ба Орипов Баҳром ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъйин карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед