logo

ҳуқуқ

ПАЁМАДИ ДУЗДӢ: ШАШ СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА

Одилҷон Хушев, сокини шаҳри Ҳисор,  ки қаблан бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли  1999 бо дастрасии моддаи 39 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 13 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум шуда буд, дубора паси панҷара рафт.
Номбурда соли 2008 аз маҳкама озод шуда, оила барпо кард ва дар шаҳри Душанбе ба мардикорӣ ва кафшергарӣ машғул шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2016 бо директори ширкати «Русфурнитура», ки дар маҳаллаи Шоҳроҳи оҳани ноҳияи Сино ҷойгир аст,  оид ба  иҷрои корҳои сохтмонӣ шартнома баст. Муддати се моҳ бо 9 нафар дар он ҷо кор карда, сохтмонашро ба анҷом расонд. Дар охир аз директор маблағи музди меҳнаташро талаб кардааст, вале ӯ пардохти маблағро ба таъхир мепартофт. Кор ба ҷое расид, ки байни коргару корфармо дуруштгӯиву ҷанҷол бархост ва ниҳоят Одилҷон Хушев он ҷоро тарк кард. 
Баъди чанд муддат, аниқтараш шаби 11 январи соли равон О. Хушев аз болои девор ба  саҳни ширкати «Русфурнитура» даромад. Дар ҳоле ки касе ба назар намерасид, номбурда роҳи ҳуҷраи сармуҳосибро пеш гирифт, зеро хуб медонист, ки дар он ҷо маблағи зиёд маҳфуз аст. Ӯ чанд муддат дар ширкати мазкур кор карда, борҳо барои харидорӣ кардани маводи сохтмон маблағ гирифта буд. Бо ломи дар дасташ буда, дарро якчанд маротиба зад. Аз садои баланди он дар нимашаб худ тарсид ва ба  гирду атроф нигоҳ карда,  ҳеҷ касро надид ва каме ором шуд. Ҳарчанд хост, бо лом дарро шикаста дарояд, вале барояш муяссар нашуд. Ба назди тиреза рафта, панҷараи онро шикаст ва ба дохил ворид шуд. Бо телефони мобилиаш рӯшноӣ дода, дари ҷевони оҳаниро бо лом шикаст ва маблағи 177 000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Одилҷон Хушев баъди содир намудани ҷинояти дуздӣ, рӯзи дигар аз мошинбозори шаҳри Душанбе ба маблағи 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ автомашинаи тамғаи «Тойота Карола», соли бароришаш 2007, рангаш сафедро харид. Онро ҳамон рӯз дар ШДИ РБДА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ному насаби  писари амакаш Хушев Абдулло Шералиевич, бо аломатҳои бақайдгирии 29 – 49 СР 01  ба расмият даровард.
Дар пайи ин ҳодиса суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти раисии  Р. Искандарзода дар маҷлиси ошкорои судӣ 4 апрели соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Хушев Одилҷон Қосимҷоновичро бо моддаи 244 қисми 3 банди «а» - ва 262 қисми1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Дар натиҷа бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Хушев Одилҷон Қосимҷонович ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти сохтмонӣ ба муҳлати 2 сол ҷазо таъйин кард.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 1212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед