logo

ҳуқуқ

МАВОДИ МУХАДДИР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 90 КИЛОГРАММ ДАР ЯК МОҲ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ зиёда аз 90 килограмм маводи нашъаоварро ошкор ва мусодира карданд.
Тавре аз ин ниҳод ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, 13 май кормандони шуъбаи байниноҳиявии Дарвози Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шоҳроҳи Қалаихумб-Хоруғ, дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро таҳти идораи сокини 23-солаи ҳамин ноҳия боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз бағоҷи он як адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили он 20 дона бастаи селофанӣ бо маводи зардчатоби хамирмонанд мавҷуд буд. Мутобиқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии раёсати агентӣ дар ВМКБ маводи мусодирагардида афюн буда, вазнаш 20,044 килограммро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, 16 май аз ҷониби кормандони ҳамин раёсат якҷо бо хизматчиёни ҳарбии раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳаи Сумчии ноҳияи Ишкошим убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи се шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардид. Ҳангоми кӯшиши дастгир намудани сарҳадшиканон аз тарафи гурӯҳи муштарак тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа онҳо ақибнишинӣ намуда, ба самти Афғонистон фирор намуданд. Баъди азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як адад борхалтаи полиэтиленӣ ва як адад бастаи селофанӣ дарёфт ва мусодира шуд. Маълум гашт, ки маводи мусодирашуда “ҳашиш” (зиёда аз 10 килограмм) ва “героин”  (як килограмм) мебошад.
Ба иттилои манбаъ, 21 май дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз дохили мошини сабукрави тамғаи “Тойота-Кемри” таҳти идораи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 30 килограмму 230 грамм “ҳашиш” ва 11 килограмму 440 грамм “афюн” дарёфт гардид. Тафтишот нишон дод, ки дастгиршуда қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст.
Зимнан, 31 май дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Панҷ дастгир ва ҳангоми кофтуков аз дохили сумкаи ӯ понздаҳ адад бастаи селофанӣ бо 18 килограмму 365 грамм «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 1171
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед