ҳуқуқ
ПОРА. БОЗ ДУ НАФАР БА ДАСТ АФТОД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо ҷурми гирифтани пора иттилоъ дод.
Тибқи иттилои агентӣ, Хосият Муродалиева аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир, хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали № 75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахӯрон дар ҳудуди ноҳия расидҳои қалбакӣ тайёр намудааст. Аз ҷумла, моҳи август 1454 сомонӣ, сентябр 1221,20 сомонӣ, октябр 5263,8 сомонӣ, ноябри соли 2016 ба маблағи 9881,94 сомонӣ ва дар якчанд ҳолати дигар дар маҷмӯъ 71862,15 сомониро бо тартиб додани расидҳои қалбакӣ аз филиали бонки мазкур, тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбат ба Хосият Муродалиева бо аломатҳои моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ҳамчунин, Қаюм Султонов, бародари тиббии ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии № 1 - и шаҳри Истаравшан, ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017, барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, 15 марти соли 2017 аз ин маблағ 1790 сомонӣ баробар ба 200 доллари ИМА-ро гирифта, овардани 800 доллари боқимондаро талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қаюм Султонов баъд аз гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ба миқдори 5340 сомонӣ ва 200 доллари ИМА, ки бо назардошти қурби асъори хориҷӣ ҷамъ маблағи 800 доллари ИМА-ро ташкил медод, ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Қаюм Султонов низ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2017 №: 121 Мутолиа карданд: 1462