logo

ҳуқуқ

ВАҲДАТ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Ҳоло дар тамоми гӯшаҳои Ватани ободу осудаи мо мардуми шарафманди тоҷик бо шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хос ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагӣ мебинанд. Зеро ин санаи муборак дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории мо аҳамияти фавқулода муҳим дорад.
Воқеан, рӯзи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳуруфи заррин сабт ёфтааст. Зеро бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳосили талошҳои давомдору самаровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, марҳилаи иттиҳоду ҳамбастагӣ ва худсозии миллӣ дар мамлакати мо фаро расид. Кунун таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки нақши Президенти маҳбубамон дар наҷоти миллат ва муттаҳид намудани мардум дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҳамчун омили муҳимтарини ҳастиву ватандорӣ басо нишонрасу арзишманд аст.
Маҳз баъд аз истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои ҷавонмардонаи Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, 26 сентябри соли 1999 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар ин замина Тоҷикистон соҳиби порлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардид. Дар асоси Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти қонунгузории кишвар даҳҳо қонунҳои мукаммали ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократия таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи амалии онҳо мамлакати моро ба яке аз давлатҳои комилан демокративу ҳуқуқбунёд табдил намуд.
Қобили зикр аст, ки таҳкими фаъ-олияти мақомоти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Чунончи, қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ шурӯъ аз соли 2007, ки маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, дар шаклгирии низоми боадолатона, таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузоштанд. Мо аз таҷрибаи кор дар мақомоти судӣ дарёфтем, ки ин раванд ба баррасии ҳаматарафаю ҳирфаии парвандаҳо мусоидат карда, дар такмили касбии судяҳо низ нақши муассир гузоштаву мегузорад.
Мо - кормадони мақомоти судӣ дар заминаи чунин шароитҳои мусоид талош мекунем, ки вобаста ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ ва таъмини рушди иқтисодию  иҷтимоии кишвар дар ҷомеа тадбирҳои ҳадафрасро анҷом диҳем. Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, сулҳи пойдору ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа содиқона кӯшиш намоем.
Гулнора РАСУЛЗОДА, судяи суди шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 1271
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед